Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ бояд кард то нархҳо дар бозор паст шавад - навор

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ бояд кард то нархҳо дар бозор паст шавад - навор
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни меҳмонӣ дар хонаводаи Қосимовҳо дар шаҳри Бохтар дар бораи нархи наво дар бозор суҳбат кард

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, чӣ бояд кард, то нархи наво дар бозор паст шавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов дидан кард ва аз меҳнати ин хонавода тавсиф намуд.



Ӯ гуфт, агар ҳар як хонаводаи тоҷик мисли оилаи Қосимовҳо меҳнат кунаду дар як сол чанд бор ҳосил гирад ҳам бозори истеъсолӣ фаровон мешавад ва ҳам нарҳо арзон мешаванд.

"Агар ба шарте мардум бештар истеҳсол кунанд, фаровонӣ мешавад, зиёд ки шуд, нарх поён меравад", - таъкид кард президент.

Ба гуфти президент бисёриҳо мегӯянд, ки аз замин гирифтани чанд ҳосил номумкин аст.

"Ин чашмбандӣ нест. Ана, чор ҳосил дар як сол", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ногуфта намонад, ки хонаводаи Қосимовҳо дар майдони 14 сотих 3 гармхонаи доимамалкунанда бунёд карда, дар як сол ду се маротиба ҳосил мегирад. Дар гармхонаҳо помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш меёбад”, - омадааст дар иттилои котибот.

Фурқат Қосимов зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳомн гуфт, аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2-3 маротиба  ҳосили сабзавот мерӯёнад ва аз ҳисоби ин  замин ҳар сол ба маблағи аз 90 то 100 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Фурқат Қосимов тӯҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла 200 номгӯйи асар ва китоби "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ҳадя кард.

Ин дар ҳолест, ки нархи наво дар бозорҳои Тоҷикистон дар баробари камчин шудани бензин ва баланд шудани қурби доллар якбора гарон шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий