Аз Ҳотамшо то Эмомалӣ: раҳбарияти нави КҲФ муаррифӣ шуданд
Котиби Шӯрои Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода раҳбарияти нави Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаро муаррифӣ кард
Бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 10 март дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Ҷонишини аввал ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд.
Ба вазифаи муовини аввал ва муовинони раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшо, полковникҳо Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Эмомалӣ таъин шуданд.
Бино ба гузориши КҲФ, муовинони навро котиби Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ба ҳайати шахсӣ муаррифӣ намуд.
Дар ин чорабинӣ раҳбари ин ниҳод, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, ҳайати роҳбарикунанда ва ҳайати шахсии гарнизони Душанбе иштирок намудаанд.
Насрулло Маҳмудзода муҳим будани кори идораи наҷот ва муносибати масъулиятнок ба иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаашонро зикр намудааст.
Вай ба кори минбаъдаи онҳо комёбиҳо хост ва ҳамзамон ба он таъкид кард, ки пешгирӣ аз офатҳо ва таъмини бехатарии сокинон аз онҳо вобаста мебошад.
Комментарии (0)