Дар Тоҷикистон эҳтимоли коҳиши андоз дар назар аст
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумони ин кишвар хостори ислоҳот дар муҳити тиҷорӣ шуда буд.
Хабаргузории "Парс тудэй" дар истинод ба "Форс" менависад, ки дар Тоҷикистон эҳтимоли коҳиши андоз дар назар аст.
Завқибек Шодиён, раиси раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз гуфтааст, дастуре ба вазорат ва ниҳодҳои марбута барои таҷзия ва таҳлили Қонуни молиёт (андоз)-и феълӣ ва ироаи пешниҳод ба давлат дар хусуси коҳиши бори молиётӣ барои бозаргонон содир шудааст.
"Маҳофили тиҷории Тоҷикистон муътақиданд, рушди тиҷорат дар ин кишвар бо молиёти кунунӣ мумкин нест, бинобар ин бисёре аз бозаргонон дар талош ҳастанд, сармояи худро ба кишварҳои ҳамсоя мунтақил ва дар он кишварҳо фаъолият кунанд. Бисёре аз бозаргонон низ маҷбур ҳастанд, бахши умдаи даромади худро аз мақомоти ин кишвар пинҳон кунанд, ки дар навбати худ мунҷар ба коҳиши пардохтҳои молиётӣ ва коҳиши буҷа мешавад", - менависад манбаъ.
Бар асоси ин гузориш, саҳми молиёт ва саҳмияи суди ширкатҳо дар Тоҷикистон 67.3 дарсад ва беш аз ду баробари миёнгини кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ (32.8 дарсад) аст. Барои муқоиса саҳми молиёт дар Қирғизистон 29 дарсад, Қазоқистон 29.4 дарсад, Узбакистон 32.1 дарсад ва Русия 46.3 дарсад аст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ахири худ ба парлумони ин кишвар хостори ислоҳот дар муҳити тиҷорӣ шуда буд.
Комментарии (0)