Тафсилоти куштори як зан дар Ҳисор: аввал ӯро маст ва сипас таҷовуз карда, кушт - навор
Нисбати муттаҳам дар куштори зани 32 - сола, сокини шаҳри Ҳисор, тибқи моддаҳои 104 ва 108 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст
Ҷасади зани 32- сола, сокини кӯчаи Қаюмови шаҳри Ҳисор, ки ба таври ваҳшиёна кушта шудааст, аз ҷониби кормандони пулис дарёфт шуд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 4 феврал дар ҳудуди шаҳри Ҳисор рух додааст.
Кормандони милитсия ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ, Халилов Абдураҳим ном сокини маҳаллиро боздошт намуданд.
Манбаъ меафзояд, Халилов ҳамроҳ бо Қаҳорова Шамъигул дар як нуқтаи фурӯши маводи спиртӣ, арақ хӯрда, сипас дар ҳолати мастӣ аз майхона берун рафтанд.
Ба нақли боздоштшуда, ӯ Шамъигулро ба ҷойи беодам оварда, ба номуси ӯ дастдарозӣ кард.
"Вақте муқобилият нишон дод, бо санг ду маротиба ба сару рӯяш зарба расондам", - шарҳ додааст кирдори ноҷавонмардонаи худ Халилов.
Зимнан, дастгиршуда, ӯро шадидан латукӯб намуда, ба ҳалокат расонд ва аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Халиловро кормандони пулис дар шаҳри Душанбе пайдо карда ба Шӯъбаи ВУД дар шаҳри Ҳисор интиқол доданд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Халилов Абдураҳим парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 108 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)