Тоҷикистон аз ширкати чинӣ хостори афзоиши тавлиди тилло шудааст

Тоҷикистон аз ширкати чинӣ хостори афзоиши тавлиди тилло шудааст
Вазири саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикстон аз ширкати муштараки ин кишвар бо Чин, ки дар маъдани тиллои Покруд машғул ба кор аст, хост барои афзоиши тавлиди ин маҳсул иқдом кунад

 Заробуддин Файзуллоҳзода дар дидор бо  мудири ширкати муштараки Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Покруд роҳҳои афзоиши тилло дар ин маъданро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бино бар иттилои манбаъ, иҷозатномаи истихроҷи тилло аз ин маъдан дар соли 2014 ба ин ширкати чинӣ вогузор шуд, ки бахши умдаи саҳоми молии онро низ дар ихтиёр дорад.

Ширкати мазкур соли 2017 нахустин шимши тиллоро тавлид кард ва то ба ҳол дар ин замина беш аз 250 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир дар ин маъдан ба таври мустақим ва ғайримустақим беш аз як ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон машғул ба коранд.
Ширкати муштараки Тоҷикистон ва Чин мавсум ба "Покруд" то соли 2030 иҷозатномаи истихроҷи тилло ва нуқра дар ин маъданро дар ихтиёр дорад.

Гуфта мешавад, ки то он замон тавлиди 857 ҳазор унс тилло ва 123 ҳазор унс нуқра аз маъдани "Покруд" барномарезӣ шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий