Чӣ гуна муҳоҷирон аз Тоҷикистон метавонанд вориди Русия шаванд: посухи сафорат
Сафорати Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки чӣ гуна шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба Русия барои кор ворид шаванд
Муҳоҷирон аз Тоҷикистон метавонанд ба Русия танҳо бо ду роҳ ворид шаванд, гуфт Валерий Катункин, сардори шӯъбаи консулгарии сафорати Русия дар ҷумҳурӣ, дар мулоқот бо намояндагони ВАО.
Вай ёдовар шуд, ки дар робита бо пандемияи коронавирус, вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо қарори Ҳукумати Русия аз 16 марти соли 2020 ба танзим дароварда мешавад.
Дар ин санад категорияҳои шаҳрвандоне оварда шудаанд, ки ба кишвар иҷозат дода мешаванд.
"Агар шаҳрванди Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро надошта бошаду дохил шудан мехоҳад, пас ӯ ду роҳ дорад. Аввалаш он аст, ки созмоне, ки даъват мекунад, метавонад барои ӯ метавонад кафил шавад. Роҳи дуввум ин аст, ки ӯ интизори боз шудани марзи Федератсияи Русия аст", - гуфт консул.
Катункин афзуд, ки минтақаҳои Русия воқеан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз доранд.
"Ин махфӣ нест, аммо имкони дигари вуруд ба Русия ҳанӯз вуҷуд надорад", - таъкид дошт ӯ.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов тасдиқ кард, ки Русия воқеан ба муҳоҷирон ниёз дорад ва Тоҷикистон танҳо нерӯи кории зиёдатӣ дорад.
Дипломат аз сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи апрели соли 2019 ёдовар шуд, ки дар ҷараёни он созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба имзо расид. Ба гуфтаи Лякин-Фролов, масъалаи иҷрои созишнома пухтааст ва вақти он расидааст, ки ин раванд дар майдони ҳуқуқӣ гузошта шавад.
"Пандемия, ба назари ман, баррасии масъаларо тез кард, зеро вазъи дохилӣ тағйир ёфт. Худи корфармоён, намояндагони роҳбарияти корхонаҳо ва минтақаҳои гуногун ба ташаббускорӣ шурӯъ карданд", - гуфт ӯ.
Сафир мушаххас кард, ки дар Русия норасоии коргарон дар сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва кишоварзӣ вуҷуд дорад.
Комментарии (0)