Тоҷикистон аз рӯи суръати кунди интернет ҷойи охирро гирифт.

Тоҷикистон аз рӯи суръати кунди интернет ҷойи охирро гирифт.
Акс аз бойгонӣ

Ин раддабандӣ аз тарафи созмони Индекси ҷаҳонии санҷиши суръат (Speedtest Global Index) анҷом шуд. Коршиносон чунин натиҷаро нишонаи возеҳи буҳрон дар бозори алоқаи кишвар донистанд.“Баъд аз Афғонистону Ироқ”
Гузориши нави Speedtest Global Index рӯзи 22-юми ноябр нашр шуд. Хулосаҳои созмон вазъи даҳ моҳи имсолро дар бар мегирад.
Гузориш суръати Интернет дар кишварҳоро дар ду бахш – мобилӣ ва ноқилӣ – санҷидааст. Исми Тоҷикистон дар рӯйхати суръати Интернети ноқилӣ зикр нашудааст. Аммо гузоришгарони Индекси ҷаҳонии санҷиши суръат гуфтаанд, интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бо суръати 4,97 мегабит дар сония аз ҳама суст дар миёни 124 кишвари ҷаҳон мебошад.

Бар асоси ин гузориш, суръати Интернети мобилӣ дар Тоҷикистон бамаротиб сусттар аз кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон будааст. Қазоқистон дар ин рӯйхат дар мақоми 74, Қирғизистон 94 ва Узбекистон дар ҷои 110-ум аст. Соли гузашта Узбекистон дар ин рӯйхат яке аз мақомҳои охирро ишғол карда буд.
Тоҷикистонро дар рӯйхати кишварҳои дорои интернети аз ҳама суст Афғонистону Ироқ, Алҷазоир ва Венесуэла ҳамроҳӣ мекунанд. Ба навишти муаллифони гузориши Speedtest Global Index, вазъ дар ин самт танҳо имсол бад шудааст.
“Аз давидани асп ба роҳгардии сангпушт”
Суръати сусти Интернет дар Тоҷикистон на фақат аз тарафи созмонҳои ҷаҳонӣ, балки аз ҷониби истифодабарандагон ҳам зиёд интиқод мешавад. Маҳдӣ Холиқов яке аз онҳост ва аз рӯи мушоҳидаи ӯ, “аз суръати асп ба роҳгардии сангпушт” табдил ёфтааст. Ҳамсуҳбати мо 8 сол боз бо Интернет сарукор дорад.
Ба андешаи Холиқов, суръати пасти Интернет вақти истифодабарандро зиёд мегирад ва гоҳе лозим аст, барои боз шудани як сомона дақиқаҳо мунтазир шавед. “Барои гузоштани як акс дар сомона то 15-20 дақиқа мунтазир мешавам. Ин ҳам агар бе қулфшикан бошад. Ҳангоми истифода аз VPN суръат боз ҳам пасттар мешавад. Суръати паст ҳам вақтро мегирад ва ҳам асабро хароб мекунад”, - гуфт Маҳдӣ Холиқов.

“Вақте дасту пои ширкатҳо баста мешавад”
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи гузориши нави Индекси ҷаҳонии санҷиши суръат вокуниш накарданд. Аммо дар гузашта баъзе мақомдорони тоҷик суръати пасти Интернет дар Тоҷикистонро ба дурии роҳ марбут дониста буданд. Зимнан масъулини ширкатҳои мобилӣ тасдиқ мекунанд, ки суръати Интернет дар кишвар ба талаботи муштариёнашон ҷавобгӯ нест.
Масъули як ширкати мобилӣ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, вақте воридоти Интернет пурра "монополия" шуд, умедвори беҳ шудани вазъ будан хатост. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, феълан чунин фазое ба вуҷуд омадааст, ки ширкатҳо барои беҳтар кардани суръат ва сифати Интернет коре аз дасташон намеояд.
“Дасту пойи ширкатҳо куллан баста шуд ва онҳо ба як хидматгор табдил ёфтанд. Бо хамон суръату сифате, ки мегиранд, хамон гуна пешниҳод мекунанд. Ширкатҳо Интернетро танҳо аз якҷо мехаранд, болои ин андозҳои баланд ва ҷаримаҳои ҳангуфт месупоранд. Дар ниҳоят дигар маблағе намемонад, ки технологияи нав ворид карда, вазъро беҳтар кунанд”, - афзуд ин масъули ширкати мобилӣ.
Суръати Интернет: Як қадам ба пеш се қадам ба қафо
Суръати Интернет дар Тоҷиистон дар ҳоле аз бадттаринҳо арзёбӣ мешавад, ки кишвар чанд соли пеш дар рушди бозори мухобирот аз ҷумлаи пешқадамҳо дар Осиёи Марказӣ буд. Аввалин маротиба интернети сифати 3G пештар аз кишварҳои дигар дар Тоҷикистон фаъол шуд.
Аммо ба дунболи чолишҳои зиёд дар бозори алоқа ин бахш ба гуфтаи мутахассисон аз рушд бозмонд ва худ муҳтоҷи дастгирӣ шуд. Далели возеҳи ба буҳрон дучор шудани бозори мухобиротро коршиносон дар вазъи ду рӯзи пеши ширкати Тселл арзёбӣ мекунанд. Муштариёни Тселл, яке аз бузургтарин ширкати мухобиротии кишвар тақрибан як рӯз бидуни Интернет монданд.
Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ, мегӯяд, агар чораҳои фаврӣ барои беҳ кардани вазъи мухобирот андешида нашавад, вазъ дар солҳои оянда метавонад бадтар шавад. Ба назари Гулова, бо ин вазъ мутахассисони бахши мухобирот аз кишвар мераванд ва сармоягузорон низ зиёд моил нестанд, ки ба бахши алоқа дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.
Ин мутахассиси тоҷик вазъи феълии дастрасӣ ба Интернетро ба солҳои 2000-ум ташбеҳ кард, ки ба гуфтаи ӯ хеле таассуфовар аст. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи Фариштамоҳ Гулова, ба ҷойи ба қафо рафтан мо бояд соҳаро рушд медодем.
Дар зимн, роҳбарони ширкатҳои алоқа борҳо гуфтанд, то замоне ки танзимгари соҳа ба як маркази мустақил табдил наёбад ва бо қоидаҳои эътирофшудаи бозор кор накунад, рушди минбаъдаи Интернет номумкин аст.
Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои рушдкунандаи иқтисод ба шумор меомад, вале дар ду соли ахир се ширкат - "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Инчунин дар соли равон ширкатҳои интернетрасон аз ҳаққи мустақилона ворид кардани Интернет маҳрум шуданд ва муваззаф шуданд, ки онро аз Тоҷиктелеком, ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа бихаранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий