Медали тиллои паҳлавони навраси тоҷик дар Исроил

Медали тиллои паҳлавони навраси тоҷик дар Исроил
Разавӣ Навбаҳоров, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон ба хотираи Алекс Неруш дар шаҳри Ришон-ле-Cиони Исроил медали тилло ба даст овард.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ширкати беш аз 200 гуштигири навраси ҳудуди 20 кишвар баргузор шуд, Разавӣ Навбаҳоров ягона варзишгаре буд Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни зери 68 кило бар рақибонаш аз Латвия, Исроил ва Олмон ғолиб омада, мақоми аввалро касб намуд ва соҳиби медали тилло гардид.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 5-уми март, хабар дод. Ӯ гуфт, ки Разавӣ Навбаҳоров донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад ва дар оянда файласуф шудан мехоҳад.

Зимнан, Разавӣ Навбаҳоров соли гузашта дар якчанд мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо ширкат карда, дар рақобатҳо миёни наврасон муваффақ гаштааст. Чунончи, ӯ моҳи май дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Муғулистон -- Улан-Батор баргузор шуд, дар вазни зери 70 кило байни наврасон медали нуқра ба даст овард.

Ин паҳлавони навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии самбо “Берлиниада - 2018”, ки моҳи ноябр дар шаҳри Берлини Олмон сурат гирифт, дар рақобатҳо дар вазни зери 62 кило мақоми аввалро касб намуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Инчунин Разавӣ Навбаҳоров моҳи декабри соли 2018 дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Нови - Сади Сербия доир гардид, дар вазни зери 57 кило бо медали нуқра мукофотонида шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий