Суол дар мавриди Тоҷикистон дар барномаи “Что? Где? Когда?” – видео
Дар барномаи машҳури “Что? Где? Когда?” яке аз тамошобинон ба бозигарон суол кард, ки сангҳои болои хок чидашударо дар деҳоти Тоҷикистон сокинон барои чӣ истифода мебаранд
Дар барномаи зимистонии "Что? Где? Когда?" Галина Пенкина аз вилояти Перм суол равон кардааст, ки дар деҳоти Тоҷикистон сангони ба шакли чоркунҷа болои хок чидашударо барои чӣ истифода мебаранд.
Бозигарони тими Алес Мухин, ки роҳбарии онро Николай Крапил ба уҳда дошт, ба баррасии сангҳои чидашуда оғоз намуда, фарзияҳои худро, аз қабили василаи гармкунандаю хушккунанда пешниҳод намуданд.
Дар дақиқаи иловагӣ, ки тим гирифт, бозигар Даря Соловей фарзияи худро пешниҳод намуд, ки он рост баромад.
“Дар ин сангҳои чидашуда такондани қолин хеле роҳат аст, ки дар деҳоти Тоҷикистон зиёданд”, - посух дод зан.
Комментарии (0)