Генерали покистонӣ бо генерали тоҷик чӣ масъаларо баррасӣ карданд
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо генерали покистонӣ тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллиро баррасӣ кард
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 26 ноябр, вазири умури дохили Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо аъзоёни ҳайати расмии Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Покистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи мазкур генерал Надим Раза, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот кард.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро дар соҳаи таъмини амният, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар хотима ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди тарафайнро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот кард
Дар мулоқот муҳимияти тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ ва мудофиавӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардида, доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои вазъи минтақа ва ҷаҳон дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.
Комментарии (0)