Манъи сохтмон дар марз: нахустин созиши Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2020

Манъи сохтмон дар марз: нахустин созиши Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2020
Нахустин мулоқот дар соли 2020 оид ба масоили марзӣ байни намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд

 Мулоқот миёни намояндагони минтақаҳои Ботканд ва Суғд баргузор гардид, ки дар он оид ба масъалаи марз созишномаҳои нав ҳосил шуд, менависад 24.kg бо истинод ба хадамоти матбуоти вилоят.

Дар вохӯрӣ ду муовини раҳбарони вилоятҳо, аз Ботканд Жаркинбек Мақсутов ва аз вилояти Суғд Баҳовиддин Баҳодурзода масъалаҳои марзиро баррасӣ карданд.

"Ҷонибҳо инчунин ба мувофиқа расиданд, ки муноқишаҳои марзиро дар байни сокинони маҳаллӣ пешгирӣ кунанд ва якҷоя кор кунанд",- гуфта мешавад, дар иттилоия.

Гуфта мешавад, нуктаи муҳим дар муколамаи намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон бастани созишнома дар бораи манъи сохтмони иншоот то муайян шудани ҳудуд дар масофаи 200 метр буд.

Ёдовар мешавем, бинобар пандемияи коронавирусӣ, ин аввалин мулоқоти расмӣ дар бораи таъини марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2020 аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий