Боздид аз Кумитаи тадорукоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол – 2022 дар Давлати Қатар

Боздид аз Кумитаи тадорукоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол – 2022 дар Давлати Қатар
Рӯзи 18-уми феврали соли 2019 дар рафти сафари корӣ ба Давлати Қатар Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз Кумитаи тадорукоти Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол - 2022 боздид ба амал овард.

Роҳбарияти Кумитаи мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба рафти омодагиҳои Давлати Қатар ба Ҷоми ҷаҳони 2022 шинос намуданд.

Ҷонибҳо атрофи омӯзиши таҷриба дар самти таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули назари судманд анҷом доданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий