Чор медали муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираиҚаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшенқул Шопоков, ки аз 19-ум то 24-уми феврал дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек баргузор шуд, чор медал (ду тилло, як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули Бишкек барои бори 42-юм сурат гирифт, ҳудуди 200 варзишгар (занону мардон) аз Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тайланд, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.
Рақобатҳо аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо миёни мардон (то 52 кг, то 57 кг, то 63 кг, то 69 кг, то 75 кг, то 81 кг, то 91 кг, беш аз 91 кг) ва панҷ дараҷаи вазнҳо миёни занон барпо гардид (то 49 кг, то 57 кг, то 64 кг, то 69 кг, то 75 кг).
Ба иттилои Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар бо раҳбарии сармураббӣ Парвиз Аҳмадов даҳ муштзан дохил буд: занон - Рӯҳафзо Ҳақназарова (49 кг), Миҷгона Самадова (57 кг), Шоира Зулқайнарова (64 кг) ва Идимоҳ Холова (69 кг); мардон - Дилшод Оқилов (52 кг), Бахтовар Сагизов (57 кг, Баҳодур Усмонов (63 кг), Наврӯз Ҷафоев (75 кг), Аҳмадҷон Саидов (75 кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91 кг).
Баҳодур Усмонов дар вазни то 63 кило миёни мардон ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 64 кило миёни занон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Идимоҳ Холова дар вазни то 69 кило дар сабқати занон бо медали нуқра мукофотонида шуд. Сиёвуш Зуҳуров дар вазни беш аз 91 кило барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.
Бояд гуфт, ки ин аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар мавсими имсола ба шумор мерафт, ки ҳамасола дар Қирғизистон сурат мегирад ва барои ҳаводорони бокс анъанавӣ гардидааст.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот
Мардон
52 кг
1. Азат Усеналиев (Қирғизистон)
2. Вадим Кудряков (Русия)
3. Туркбой уулу Мирлан (Қирғизистон) ва Наттапонг Жанкаев (Тайланд)
57 кг
1. Алберт Ботирғозиев (Русия)
2. Илёс Сулаймонов (Қазоқистон)
3. Сироҷиддин Абдуллоев (Қирғизистон) ва Абдумалик Холиқов (Узбекистон)
63 кг
1. Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон)
2. Дмитрий Асанов (Беларус)
3. Масук Вуттичай (Тайланд) ва Григорий Лизувенко (Русия)
69 кг
1. Абдураҳмон Абдураҳмонов (Қирғизистон)
2. Харитон Агрба (Русия)
3. Арди Сайлон (Тайланд) ва Дмитрий Пучнин (Қирғизистон)
75 кг
1. Амон Қазонгапов (Қазоқистон)
2. Бекжигит уулу Ормурбек (Қирғизистон)
3. Глеб Бакши (Русия) ва Атайбек уулу Таалайбек (Қирғизистон)
81 кг
1. Георгий Кушатишвили (Русия)
2. Одилбек уулу Эркин (Қирғизистон)
3. Алишер Чаткалбеков (Қирғизистон) ва Акмалбек Қосимов (Узбекистон)
91 кг
1. Муслим Ҳоҷимагомедов (Русия)
2. Ярослав Дороничев (Русия)
3. Владик Смагликов (Беларус) ва Мақсат Марат (Қазоқистон)
Беш аз 91 кг
1. Иван Верясов (Русия)
2. Нурҷон Бекзатов (Қазоқистон)
3. Абдулло Худоберганов (Узбекистон) ва Сиёвуш Зуҳуров (Тоҷикистон)
Занон
49 кг
1. Раксат Чутхамат (Тайланд)
2. Нозим Қизайбой (Қазоқистон)
3. Яргалан Очирбат (Муғулистон) ва Араилим Майясар (Қазоқистон)
57 кг
1. Течасуер Нилаван (Тайланд)
2. Раъно Пархатова (Қазоқистон)
3. Лаопим Пиамвилиали (Тайланд) ва Жансая Аширбекова (Қазоқистон)
64 кг
1. Шоира Зулқайнарова (Тоҷикистон)
2. Сисонди Судапорн (Тайланд),
3. Аида Абдураҳимова (Қазоқистон) ва Аида Абикеева (Қазоқистон)
69 кг
1. Шаҳноза Юнусова (Узбекистон)
2. Идимоҳ Холова (Тоҷикистон)
3. Амина Амонқул (Қазоқистон)
75 кг
1. Магмаряргал Мунхбат (Муғулистон)
2. Мавлуда Мавлонова (Узбекистон)
3. Алина Вебер (Беларус)

Комментарии (0)