Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ

Нигаронии Маҳмудзода аз вазъи ноороми Қарабоғи Кӯҳӣ
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард

Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва Котиби Шӯрои амнияти Арманистон Армен Григорян телефонӣ суҳбат карданд, хабар медиҳад, хадамоти Шӯрои амнияти кишвар.

Ҳамин тавр, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Маҳмудзода ҳалли мусолиматомези вазъи Қарабоғро таъкид кард.

Дар навбати худ, Григорян таъсири манфии Туркияро ба амнияти минтақавӣ қайд кард.

Вазъияти Қарабоғи КӯҳӣАз саҳнаи даргириҳои низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, маълумоти зиддунақиз мерасад.

Озарбойҷон ва Арманистон якдигарро дар аввали даргирӣ гунаҳкор мекунанд.

Дар ин росто, рӯзи душанбе дар Озарбойҷон омодагии пурраи ҳарбӣ эъло шуда, Илҳом Алиев президенти ин кишвар дар як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳарбӣ ҷорӣ кард.

Дар Арманистон як рӯз пеш вазъияти низомӣ эълон карда шуд.

Даргириҳо дар ин манотиқ рӯзи 27 сентябр оғоз шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий