Пирӯзии “Гурги куҳӣ” аз Тоҷикистон дар Дубай бар Нуриддин Самир-видео
Сиёвуш Гулмамадов, бо лақаби “Гурги куҳӣ” аз Тоҷикистон дар вазни 64 кило дар Дубай ҳарифаш аз Марокашро мағлуб кард
Гулмамадов, размикори 33-сола аз Тоҷикистон, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҳунарнамоӣ мекунад, Нуриддин Самир, размикор аз Марокашро чанд бор бо зарбаҳояш ба пушт хобонд, аммо ӯ таслим нашуд. Дар пайи анҷоми се даври сабқат доварон бо як овоз пирӯзиро ба Сиёвуш Гулмамадов доданд.
Дар пайи пирӯзӣ ва гирифтани ҷоизаи K-1 COMBAT, Гулмамадов аз ин созмон тавсиф намуд, ки хеле зуд пеш рафта истодааст. Ӯ дар ҷамъбасти ҳунарнамоӣ ба тими мураббиён ва мухлисонаш миннатдорӣ карда, бо забони тоҷикӣ илова намуд, “саломат бошед бародарҳо, касе маро дастгирӣ кард”.
Дар мавриди оянда Гулмамадов изҳор дошт, ки тасмимро ҳайати мураббиён мегиранд, аммо худи ӯ омода аст, ки як ҳафта пас боз вориди майдон шаваду бо ҳарифи навбатӣ қувваозмоӣ намояд.
Комментарии (0)