Раиси порлумони Узбекистон аз аҳамияти "Роғун" гуфт

Раиси порлумони Узбекистон аз аҳамияти "Роғун" гуфт
Нурдинҷон Исмоилов, раиси порлумони Узбекистон, гуфт, ки аз фаъол шудани чархаи аввали нирӯгоҳи барқи обии Роғун дар охири ҳафтаи гузашта “ба ваҷд омадааст”.
Ӯ рӯзи 20-уми ноябр дар суҳбат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфт, “ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад”.
Раиси порлумони Узбекистон мегӯяд, пурра иҷро шудани тарҳи Роғун на фақат барои мардуми Тоҷикистон, балки барои аҳолии минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст.
Нурдинҷон Исмоилов бо президенти Тоҷикистон масъалаҳои амниятии минтақа, муборизаи муштарак алайҳи терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ кардааст. Аз ин пеш Исмоилов бо раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот дошт.
Сафари раиси порлумони Узбекистон ба Тоҷикистон то 22-юми ноябр идома хоҳад кард. Вай шоми 19-уми ноябр вориди Душанбе шуд.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки Исмоилов аз Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва инчунин нирӯгоҳу обанбори Норак дидан хоҳад кард.
Дар рӯзҳои сафари расмии Нурдинҷон Исмоилов Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон созишномаи шарикии стратегӣ бо Узбекистонро баррасӣ ва аз он ҳимоят кард. Ин созишнома дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд миёни раҳбарияти ду кишвар имзо шуда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий