Қосимӣ сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон: нигоҳи Эрон ба Тоҷикистон хешовандона аст
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба равобит бо давлати Тоҷикистон нигоҳи хешовандӣ аст, изҳор дошт, сиёсат ва рӯйкарди Теҳрон дар солҳои баъд аз истиқлоли Тоҷикистон ҳамроҳӣ ва истодан дар канори давлати Душанбе будааст
Баҳроми Қосимӣ ахиран дар хусуси суханони вазири хориҷаи Тоҷикистон ва равобити миёни ду кишвар гуфт, равобити Эрон ва Тоҷикистон равобите амиқ ва асосёфта бар решаҳои муштарак ва куҳан аст, иттилоъ додааст бошгоҳи хабарнигорони ҷавон.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки наметавон пайвандҳо ва пайвастгиҳои баёдгор ва мондагор аз гузаштаҳои дур миёни ду кишварро нодида гирифт, афзуд, таърих, ҷуғрофиё, гузаштаву оянда ва тамоми иштирокот миёни ду кишвар, ҳама бар зарурати ҳамкориҳо ва ҳамдилиҳои ҳарчӣ бештари ду давлат ва ду миллат таъкид менамоянд.
Қосимӣ изҳор дошт, сиёсати Эрон нисбат ба ҳамсоягон ҳамвора сиёсати ошкор ва комилан равшан ва бар асоси таъмиқ ва тавсеаи ҳарчӣ бештари ҳамкориҳо дар тамоми заминаҳои мумкин ва равобити тавъам бо ҳусни ҳамҷворӣ ва наздикии равобити давлатҳо ва миллатҳо устувор аст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард, Эрон хоҳони Тоҷикистоне аст, ки ҳамвора бархурдор аз амният, субот, муқтадир ва рӯ ба рушду тавсеа бошад.
Қосимӣ изҳор дошт, Эрон аз ҳеҷ гурӯҳе, ки алайҳи аркони қонуни Тоҷикистон иқдом кунад, ҳимоят накарда ва намекунад ва ҳамеша равобити хуб ва бародарона бо давлати Душанберо хостор будааст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон хотирнишон кард, орзуи қалбии давлати Эрон афзоиши ҳамдилӣ ва густариши равобит дар ҳамаи заминаҳо ва тарсими ояндае равшан миёни ду кишвар аст.
Ёдрас мешавем, ки вазири хориҷаи Тоҷикистон 11 – уми феврал дар маросими чиҳилумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бо ишора ба муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар таъкид кард, Душанбе ба дунболи густариши равобит бо Теҳрон аст.
Сироҷиддини Муҳриддин таъкид кард, ки Душанбе бо Теҳрон барои рушди рушди муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ алоқамандӣ дорад. Вай умедворӣ кард, ки дар соли 2019 монеаҳо бартараф мешаванд ва равобит миёни ду кишвар беҳбуд хоҳад шуд.
Комментарии (0)