Соли гузашта дар Тоҷикистон аъзои 13 гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шуданд
Соли 2018, дар маҷмуъ 11 амали террористӣ анҷом, 873 тахаллуфи террористию ифротгароӣ ошкор ва 298 тан боздошт шуданд
Соли 2018 дар Тоҷикистон 13 гурӯҳи ҷиноӣ боздошт гардид.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дар кулл 65 тан узви гуруҳҳои ҷиноӣ боздошт гардиданд. Ин гурӯҳҳо дар сартосари кишвар 71 маврид тахаллуфро анҷом дода буданд.
Ҳамчунин, соли гузашта 873 тахаллуфи террористӣ ва ифротгароӣ кашф ва 298 тан узви онҳо боздошт шуданд.
Дар ин муддат 11 амали террористӣ, аз ҷумла, 4 мавриди кӯшиши ҳамлаи террористӣ сабт шуданд.
Дар натиҷаи баргузории умури тавзеҳдиҳии кормандони умури дохилӣ дар соли гузашта 99 тан шаҳрванд, ки дар даргириҳои мусаллаҳонаи хориҷӣ ширкат мекарданд, ба ватан баргаштанд.
Комментарии (0)