27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео

27 ҳазор сомонӣ - хариди таппонча бо садохомӯшкунак дар Хуҷанд-видео
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 57-сола дар шаҳри Хуҷанд хабар додаст, ки дар фурӯши силоҳи ҷангӣ муттаҳам мешавад

Тибқи гузориши ВУД Тоҷикистон, дар пайи як амалиёти шартӣ аз марди муттаҳам ба ивази 27 ҳазор сомонӣ таппончаи Макаров бо таҷҳизоти садохомӯшкунак харида шуд.

Муайян гардид, ки муттаҳами 57-сола, зодаи шаҳри Конибодом ва сокини шаҳри Хуҷанд, санаи 25-уми майи соли равон аз афроди номаълум таппончаро гирифтааст.



ВУД таъкид кард, ки шахсияти айбдоршаванда ба далели халал нарасондан ба тафтишот феълан ифшо намешавад.

Мирвосид Давлатализода, муфаттиши мақомот, дар гузориш изҳор дошт, ки таппончаи мусодирашуда, соли истеҳсолаш 1987 буда, коршоям мебошад.

ВУД афзуд, ки феълан истифодаи силоҳи ҷангии мазкур дар дигар ҷиноятҳо ташхис мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий