Раиси нави "Тоҷик Эйр" роҳҳои наҷоти ширкатро қайд кард
Дилшод Исмутуллозода, раиси нави ширкати ҳавоии давлатии "Тоҷик Эйр" гуфт, ки барои наҷоти ширкат кадом василаҳоро истифода хоҳанд бурд
"Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи махсуси дастгирии ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" барои солҳои 2018-2023 қабул шудааст", - мегӯяд Исматуллозода.
Ба гуфтаи вай, барнома барои паси сар кардани бӯҳроне, ки ҳоло ширкат дорад, равона карда шудааст. Мувофиқи он, пеш аз ҳама бояд масраф камтар карда шавад, ширкат бо технологияи нав таъмин гардад ва методҳои нави мудирияти ширкат ба роҳ монда шавад.
Роҳбарияти "Тоҷик Эйр" изҳори умедворӣ мекунад, ки воридоти ҳавопаймоҳои нав, фурӯши ҳавопаймоҳои берун аз истифода барои ҷалби сармояи нав ва баргардонидани қарз ба барқарор шудани "Тоҷик Эйр" кӯмак мекунад.
"Умед дорем, амалӣ кардани ин чорабиниҳо ширкатамонро ба мақсад мерасонад", - афзуд Исматуллозода.
Комментарии (0)