Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавӣ таъсис ёфт

Дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавӣ таъсис ёфт
Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавӣ барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёни Ассотсиатсияҳо дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил шудааст

Бо ташаббуси ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон дар кишвар  Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавӣ таъсис ёфтааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самарабахш ва рушди тиҷорати суғуртавии Тоҷикистон, таъмини рақобати солим, ҳимояи манфиатҳои суғуртакунандагон дар назди мақомоти давлатӣ ватақвият бахшидан ба фаъолияти муназзами ташкилотҳои суғуртавӣ, бо ташаббуси ташкилотҳои суғуртавии кишвар Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон таъсис дода шуд.  

“Мақсади асосии Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон - намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёни Ассотсиатсияҳо дар мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақоми назоратӣ, мақомоти қонунгузор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо мебошад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Бонки миллӣ соҳаи суғуртаро яке аз бахшҳои муҳим дар бозори молиявии кишвар донистааст.

Манбаъ таъкид қайд намудааст, ки хизматрасониҳои суғуртавӣ метавонад дар пешрафти бахшҳои иқтисодӣ, хусусӣ, хоҷагии халқ ва рушди онҳо ба ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат намояд.

“Ташкили Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон дар шароити имрӯза тақозои замон ва яке аз омилҳои такондиҳанда барои рушди самараноки минбаъдаи соҳа дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад”, - гуфтааст манбаъ.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2018 дар бозори суғуртаи кишвар 2 адад ташкилоти суғуртавии давлатӣ, 16 адад ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ, 1 адад Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила ва дар маҷмӯъ 19 адад ташкилоти суғуртавӣ фаъолият доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий