Таъзияномаҳои ФФТ: аз фавти бародари котиби генералӣ то довар Қосимов-аксҳо

Таъзияномаҳои ФФТ: аз фавти бародари котиби генералӣ то довар Қосимов-аксҳо
Федератсияи футболи Тоҷикистон тайи се рӯзи охир ду таъзиянома нашр кард. Ба иттилои ФФТ, довари футбол, Султон Қосимов дар шаҳри Душанбе даргузашт

Рӯзе пеш Федератсия ба котиби генералии ФФТ, Давлатманд Исломов дар робита ба даргузашти бародараш полковник Дилшод Исломзода, ноиби аввали сардори Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси ВУД Тоҷикистон таъзия баён кард.

Сабаби даргузашти полковник Исломзода дар синни 46-солагӣ бемории сироятии коронавирус арзёбӣ мешавад. Расман ин иттилоъ тасдиқ нашудааст.

 

Ба иттилои ФФТ, инчунин дар шаҳри Душанбе бар асари сакта, Султон Қосимов даргузашт, ки солҳои зиёд дар бахши футболи кишвар фаъолият дошт.

Қосимов аз соли  2006 то 2010 менеҷери тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон, U-16 буда, баъди анҷоми доварияш, ба ҳайси нозири кори доварон фаъолият кардааст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хонаводаҳои Султон Қосимов ва Дилшод Исломзода изҳори ҳамдардӣ баён намудаст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий