Ҷароҳати 2 тоҷик: даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва шарҳи ҷонибҳо
Сухангӯи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мегӯяд, дар пайи даргириҳои имрӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду нафар захмӣ шудаанд
Ин ду нафар сокинони маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Аёмиддин Шарипов, мутаваллиди соли 1971 ва Фазлиддин Фозилов, мутаваллиди соли 1983 мебошанд, иттилоъ дод Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдории Исафара ба Sputnik Тоҷикистон. Ӯ гуфт, ки аввалӣ, ҳангоми сангпартоӣ аз сар захми шадид бардошта, дигарӣ аз тири силоҳи шикорӣ шадидан маҷруҳ шудааст.
“Айни замон ҳарду дар беморхонаи шаҳри Исфара қарор доранд. Фазлиддин Фозилов айни замон рӯи мизи ҷарроҳӣ қарор дорад”, - гуфт Иқбол Тешаев.
Бино ба иттилои сухангӯи шаҳри Исфара, ихтилоф замоне сар мезанад, ки сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Бодканд “худсарона ва дидаву дониста” ба марзи Тоҷикистон, заминҳои саҳроии маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, 60 сотих замини як қитъаи 4 гектараро, ки ҷуворимакка кишт шуда буд, ғасб кардаанд.
“Сокинони Қуммазор аз ин амали худсарона ва ғосибона изҳори норизоиятӣ карда, монеъи ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон шуданд. Аммо сокинони маҳаллаи Чеки Бодканд ба тақозои онҳо, ки заминашонро тарк кунанд, беэътиноӣ карда, даст ба муноқиша заданд”, - гуфт Иқбол Тешаев.
Дар идомаи муноқиша, ба қавли ҳамсӯҳбати мо, тақрибан соати 17. 05 – и бегоҳи имрӯз, 8 май, аввалан миёни сокинони маҳаллаҳои наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифт, ки баъдан ба сангпартоӣ табдил ёфт ва дар натиҷа Саймиддин Шаропов аз сар ҷароҳати сахт бардошта, ба шифохона интиқол ёфт.
“Аммо дар як фурсати кам зиёда аз 80 сокини ноҳияи Бодканд таҳти пуштибонии неруҳои марзбонии Қирғизистон ва 10 милитсионери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз силоҳи шикорӣ ба сӯи сокинони Қуммазори Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа Фазлиддин Фозилов ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхонаи шаҳри Исфара интиқол дода шуд”, - гуфт Иқбол Тешаев.
Сухангӯи шаҳри Исфара мегӯяд, дар давоми муноқиша марзбонони қирғиз низ ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон тир кушоданд ва дар посух ба онҳо марзбонони тоҷик низ вориди амал шуданд. Айни замон раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ва сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара дар ҷои муноқиша қарор дошта, бо ҳамтоёни қирғизи худ музокира доранд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оғози тирпарронӣ айбдор карданд.
"Ин макон аломатгузорӣ нашудааст ва амалан аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон истифода мешавад. Тақрибан 30-40 шаҳрванди Қирғизистон ва 30-40 шаҳрванди Тоҷикистон якдигарро сангборон карданд. Дар ҷараёни ин ҳодиса аз силоҳи шикорӣ низ тир холӣ шуд. Бо мақсади пешгирӣ аз муноқиша сарҳадбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон чанд маротиба ба ҳаво тир паронданд", - омадааст дар иттилоияи мақомоти марзбонии Қирғизистон.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки пас аз дахолати сарҳадбонон вазъият то чанд муддат ором шуд ва миёни шаҳрвандони ҳар ду ҷониб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд. Феълан вазъ мураккаб арзёбӣ мешавад.
Комментарии (0)