Беш аз ним миллиони Кабиров барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон

Беш аз ним миллиони Кабиров барои мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон
Шералӣ Кабиров, аз роҳбарони калонтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, “Талко” барои мубориза бо коронавирус дар кишвар 600 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст

Кабиров, раиси Шӯрои директорони "Талко”,  барои пешгирии бемории сироятии COVID-19, ё худ коронавирус дар кишвар 600 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд, хабар дод Мардихудо Давлатов, раиси созмони “Авангард” дар саҳифааш дар Фейсбук.

Манбаъ ин амалро пайравӣ аз иқдоми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хондаст, ки қаблан маоши якмоҳаашро ба суратҳисоби махсуси мубориза бо коронавирус гузаронда буд.

Дар пайи ин иқдоми раисиҷумҳур, роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва вазорату идораҳо низ эълон карданд, ки маоши якмоҳаро ба Фонди мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

Ба маъракаи кумак барои мубориза бо маризии сироятӣ дар Тоҷикистон соҳибкорону эҳсонкорҳои дигар пайвастанд.

Қаблан Акбар Ғуломов, соҳибкори шинохтаи Тоҷикистон ва молики корхонаҳои тавлиди сементу дигар масолеҳи сохтмонӣ барои мубориза бо коронавирус дар кишвар 500 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий