Мақомоти Хатлон: андоз ҳам беш сад фоиз ҷамъ шуду, нафақа ҳам таъмин аст
Мақомоти хатлон эълон кардааст, ки дар се моҳи соли равон нақшаи андозҳо 101,1 фоиз иҷро шуда, ба буҷаи вилоят 379,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст
Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, нишондиҳандаҳои кутоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 63,8 миллион сомонӣ расид.
Тибқи иттилои манбаъ, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоизро ташкил дод, ки ба ҳар як нафари аҳолӣ 914,5 сомонӣ рост омада, нисбати нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 50 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон манбаъ таъкид дошт, ки иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 379,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
“Ин нишондиҳанда нисбати нақша 1,6 миллион сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 41,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо 101,1 фоиз иҷро шуд”, - таъкид доштааст мақомоти Хатлон.
Инчунин ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 419,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 89,5% ё 375,3 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардида, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт карда шудааст.
Аз буҷети вилояти барои пардохти нафақапулиҳо 225,1 миллион сомонӣ равона гардида, талаботи маблағи нафақаи нафақахӯрони вилоят таъмин карда шудааст.
Комментарии (0)