Москалкова: муҳоҷирони депортшудаи тоҷик дар Русия дармонданд

Москалкова: муҳоҷирони депортшудаи тоҷик дар Русия дармонданд
Бино ба гуфти омбудсмен Татяна Москалкова, дар робита бо баста шудани сарҳад, Русия наметавонад, муҳоҷирони тоҷикро ихроҷ кунад

Феълан дар ҳудуди Русия беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки тибқи қавонини буду боши кишвар бояд ихроҷ шаванд, гуфт ҳомии ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова.

Ӯ қайд кард, шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели баста будани сарҳад наметавонанд, Русияро тарк кунанд.

Омбудсмен афзуда, ки муҳоҷирони депортшудаи тоҷик бояд аз ҳудуди кишвар ихроҷ шаванд, вале мақомоти Тоҷикистон онҳоро қабул намекунад.

Ба гуфти ӯ барои депорт кардани ин муҳоҷирон ҳамаи аснод омода аст, вале Тоҷикистон сарҳадро ба рӯяшон бастааст.

Москалкова илова кард, ки дар робита бо ин масъала бо сафорати Тоҷикистон дар Русия ва омбудсмени Тоҷикистон гуфтушунид хоҳад кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий