Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз тамдиди муҳлати будубош ва патент муҳоҷирон дар Русия

Нигаронии мақомоти Тоҷикистон аз тамдиди муҳлати будубош ва патент муҳоҷирон дар Русия
Ахиран бо супориши вазири меҳнати Тоҷикистон барои рафъи мушкили муҳоҷирон меҳнатӣ дар даврони қарантина дар Русия ситоди махсус таъсис дода шудааст

Гулрў Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Тоҷикистон бо роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагии вазорат дар Русия тариқи  алоқаи интернетӣ машварати  корӣ баргузор намуд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнат, зимни ҷаласаи фосилавӣ роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволже, Сибир, Ҷануб ва Шимолу Ғарби Федератсияи Россия, шаҳрҳои Маскав ва Санкт- Петербург  роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба вазир ҳисоботи пурра пешниҳод карданд.

Манбаъ зикр намудааст, ки бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Русия ва ҷорӣ гардидани карантин дар ин кишвар ташкилоту муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва бозорҳо дар аксар шаҳрҳои калони ин давлат бахусус Маскав ва Санкт – Петербург, ки ҳиссаи бештари муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони  Тоҷикистон ба ин шаҳрҳо рост меояд, муваққатан то 30 апрели соли ҷорӣ аз фаъолият бозмонданд.

Омили мазкур боиси эҷоди мушкилотҳо дар фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар, аз ҷумла тамдиди муҳлати будубош, патент ва бокортаъминшавии онҳо гардидааст.

“Вобаста ба ин дар асоси супориши вазир дар намояндагӣ ситоди корӣ ва навбатдории доимӣ таъсис дода шуда, кормандон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар ҳамдастӣ бо Сафорати Тоҷикистон, консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик дар ин давлат мунтазам кор бурда истодаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар интиҳои ҷаласаи корӣ  вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуда,  вазир барои  ҳалли мушкилоти мкҳоҷирони меҳнатӣ ба кормандони намояндагӣ супоришҳои мушаххас дод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий