Дастаи «Истиқлол» дар Туркия омодагиро ба бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё вусъат мебахшад
Чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе тайёрии худро ба бозиҳои интихобии Лигаи чемпионҳои Осиё вусъат мебахшад. Дирӯз бозӣ сеюми санҷиии футболбозони «Истиқлол» бо дастаи «Кёге»-и Дания, ки дар Лигаи якуми футболи ин кишвар ҳунарнамоӣ мекунад, бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом пазируфт. Тӯбро аз дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев ба нишон расонд. Ин вохӯрии таҷрибавии сеюми душанбегиҳо дар шаҳри Анталияи Туркия мебошад.
Аз ин пеш «Истиқлол» дар бозии дуюми санҷишӣ бар дастаи «Челик»–и Босния ва Герсеговина бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Тӯбҳоро Шериддин Бобоев ва Нозим Бобоҷонов ба нишон расониданд. Ягона бозие, ки барои чемпионҳо бо бохт анҷом ёфт, ин вохӯрии нахустини санҷишӣ аз дастаи «Тобол»-и Қазоқистон — дорандаи медалҳои биринҷии мавсими гузаштаи Қазоқистон бо натиҷаи 1:2 ба ҳисоб меравад.
Бозии санҷишии навбатиашро «Истиқлол» бо клуби «Том»-и Россия 6 феврал барпо менамояд.
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» баъди анҷоми давраи омодагӣ дар Туркия мустақиман ба бозии интихобии Лигаи чемпионҳо бо дастаи АГМК ба Ӯзбекистон сафар мекунад. Ин вохӯрӣ 12 феврал гузаронида хоҳад шуд.
Комментарии (0)