Имрӯз даври сеюми марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе барпо мегардад

Имрӯз даври сеюми марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе барпо мегардад

Имрӯз даври сеюми марҳилаи муқаддамотии мусобиқаи футболбозон барои ба даст овардани Ҷоми ФФТ-2019 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегардад. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, чун солҳои пешин он дар се минтақа -Душанбе, Суғд ва Хатлон идома дорад. 

Дар минтақаи Душанбе ҳафт даста ба бозиҳои Ҷоми ФФТ  фаро гирифта шудаанд. Дар ин замина,  «Истиқлол», КМВА «Помир», «Регар-ТадАЗ», «Кӯктош» аз Лигаи олӣ, «Ваҳдат», «Душанбе-83» ва «Шоҳмансур» аз Лигаи якум барои чор роҳхат ба даври бозиҳои ниҳоӣ мубориза мебаранд. Бозиҳо дар як давр гузаронида мешаванд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар ҷамъомади машқӣ-омӯзишӣ дар Туркия қарор дорад, баъди бозии инихобии Лигаи чемпионҳои Осиё бо АГМК-и Ӯзбекистон ба мусобиқа ҳамроҳ мешавад.

Дар ин баробар, вохӯриҳои даври аввал  ва дуввум ба анҷом расиданд. Натиҷаи бозиҳо чунин аст:

Ҷоми ФФТ

Марҳилаи муқаддамотӣ. Минтақаи Душанбе

Даври 1
«Кӯктош» – «Ваҳдат» – 1:3
Голҳо: Фируз Бобиев, 22 – аз пеналти (0:1). Абдурасул Раҳмонов, 68 (1:1). Умед Азизов, 80 (1:2). Фирӯз Бобиев, 89 (1:3).
Огоҳӣ гирифтанд: Султоншо Мирзоев («Кӯктош»), Хуршед Назарзода, Фирӯз Шамсиев («Ваҳдат»).
Бозингари беҳтарин: Фирӯз Бобиев («Ваҳдат»).
Довар дар майдонАбдурашид Муродов (Турсунзода).
Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).
31 январ. Варзишҳгоҳи марказии шаҳри Ҳисор. 100 тамошобин.

«Шоҳмансур» – «Регар-ТадАЗ» – 0:5
ГолҳоНаврӯз Рустамов, 8 (0:1). Ҳасан Рустамов, 11 (0:2). Наврӯз Рустамов, 33 (0:3). Наврӯз Рустамов, 52 (0:4). Алишер Холмуродов, 77 (0:5).
Огоҳӣ гирифтанд: Акбар Бобомуродов, Шерзод Маҳаммадиев («Регар-ТадАЗ»).
Бозингари беҳтарин: Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»).
СардоварАбдулло Давлатов (Шаҳринав).
Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
31 январ. ҲисорВарзишгоҳи марказӣ. 100 тамошобин.

Даври 2
2 феврал
«Ваҳдат» – КМВА «Помир» – 1:2
ГолҳоАртур Шабрин, 9 (0:1). Абдул Башир, 11 (0:2). Самариддин Расулов, 60 (1:2).
Огоҳӣ гирифтандСамариддин Расулов, Руслан Тиллоев («Ваҳдат»), Акбар Наҷмиддинов, Шаҳбоз Шарифӣ, Абдулмӯмин Забиров (КМВА «Помир»).  
Бозингари беҳтаринАбдулмӯмин Забиров (КМВА «Помир»).
Довар дар майдонБехрӯз Муртазоев (Душанбе).
Нозири доваронСултон Қосимов (Душанбе).

«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 1:2
ГолҳоЭйя Эдвард, 13 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 49 (1:1). Меъроҷиддин Музаффаров, 56 (1:2).
ОгоҳӣИсмоил Алимардонов, Парвиз Ҳамидов, Асамоа Бенҷамин, Изатулло Рӯзиев, Фаромӯз Саидов («Душанбе-83»), Бунёд Шодиев, Мунир Давлатбеков («Кӯктош»).
Бозингари беҳтаринНодирбек Ибрагимов («Кӯктош»).
Довар дар майдонНасрулло Кабиров (Норак).
Нозири доваронАбдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Ҷой   ДастаҳоБҒМБТ/тИ
1«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)11005-03
2КМВА «Помир» (Душанбе)11002-13
3«Ваҳдат» (Ваҳдат)21014-33
4«Кӯктош» (Рӯдакӣ)21013-43
5«Истиқлол» (Душанбе)00000-00
6«Душанбе-83» (Душанбе)10011-20
7«Шоҳмансур» (Душанбе)10010-50
 
Даври 3
4 феврал
11:00 – КМВА «Помир» – «Душанбе-83»
14:00 – «Шоҳмансур» – «Ваҳдат»

 Даври 4
6 феврал
11:00 – «Ваҳдат» – «Регар-ТадАЗ»
14:00 – «Душанбе-83» – «Шоҳмансур»
7 феврал
11:00 – «Кӯктош» – КМВА «Помир»

Даври 5
8 феврал
11:00 – «Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83»
9 феврал
11:00 – «Шохмансур» – «Кӯктош»

Даври 6
11 феврал
11:00 – «Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»
14:00 – КМВА «Помир»– «Шоҳмансур»

Даври 7
12 феврал
11:00 – «Ваҳдат» – «Душанбе-83»
13 феврал
11:00 – «Регар-ТадАЗ» – КМВА «Помир»

Комментарии (0)

Оставить комментарий