Мудири "Алиф Сармоя" як дарди бонкҳои Тоҷикистонро шарҳ дод - НАВОР
Абдулло Қурбонов, директори ташкилоти қарзии «Алиф-Сармоя» мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии ба буҳрон дучор омадани бонкҳо дар солҳои гузашта дар Тоҷикистон, роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ ба баъзе бонкҳо мебошад.
Ба қавли Қурбонов, танҳо риояи қонуну қоидаҳо, қабули кормандони санҷидашуда ва таъмини шаффофият низомии бонкии Тоҷикистонро аз буҳрон берун мекунад ва эътимоди мардумро бозмегардонад.
Радиои Озодӣ бо Абдулло Қурбонов дар бораи «Алиф-Сармоя», буҳрон дар низоми бонкӣ ва роҳҳои рафъи он суҳбат кард.
Радиои Озодӣ: Соли 2014 баъд аз давраи рушд низоми бонкии Тоҷикистон ба буҳрон дучор шуд. Шумо дар ҳамин вақт муассисаи молии худро созмон додед. Ин чор-панҷ сол барои шумо чӣ гуна гузашт?
Абдулло Қурбонов: "Дуруст аст, ки мо дар давраи нисбатан мушкили иқтисодӣ ташкил шудем ва дар асл барои мо ҳатто ин хуб ҳам буд. Барои онки дар ДНК ё тарзи кори мо фарқиятҳои муайяне пайдо шуданд. Мисол мо аз аввал хеле сарфакорона кор мекардем.
Боз кардани ягон ташкилоти қарзӣ дар он давра ё пеш аз он бо як тантана ва дар биноҳои калон сурат мегирифт, ки одамони зиёде он ҷо кор мекунанд. Аммо аз таъсиси ташкилоти мо касе хабар надошт, як ҳуҷраи хурдакак дар ошёнаи панҷуми як бино, ки ду нафар дар он кор мекард.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/01/6/63/6309fb41-913c-4d11-915e-a53ba559e9c2_manifest.mpd]
Аз ҳамон давра то имрӯз хеле сарфакор буда, ба хароҷотҳои худ диққат медиҳем. Сарфакорӣ дар фарҳанги мо он қадар шиштааст, ки ягон нафар барои кори шахсиаш ягон чиз чоп карданӣ шавад, аввал «Ман барои кори шахсиам чор варақ чоп карданӣ ҳастам, зид нестед» — гӯён, иҷозат мепурсад.
Вақте мегӯем, ки ягон мушкилӣ нест пагоҳаш боз чанд варақ оварда мемонанд, ки дирӯз ман аз моли корхона истифода бурдам, ҳамонро баргардондам. Яъне то ин дараҷа қадар ҳассосият нисбат ба моли корхона ва муносибати сарфакорона бо амволи корхона дорем. Ҳамин чиз моро боқувват мекунад ва ба мо як бартарӣ медиҳад."
Радиои Озодӣ: Ҳоло ки дар бораи буҳрони бонкӣ суҳбат кардем мехостам каме ба сабабҳои он тамаркуз кунем. Ба назари Шумо сабабҳои аслии ба буҳрон рафтани низоми бонкӣ ва ба касодӣ дучор шудани калонтарин бонкҳо чӣ буд?
Абдулло Қурбонов: Дар бораи буҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон таҳлилҳои зиёде сурат гирифтааст. Аз ҷумла қарзҳое, ки дода шуданд ба онҳое, ки бояд дода намешуд.
Таҳкурсиашро агар бинем боз ҳам бармегардад ба интихоб, рушди кадрҳо ва фарҳанги муайяне, ки дар соҳа бошад. Дар “Алиф” хеле хуб дарк мекунем, ки мо на бо пули худ, балки бо пули мардум кор мекунем. Пули мардум амонат аст ва ба ин амонат хиёнат кардан барои мо нобахшиданӣ аст.
Радиои Озодӣ: Ҳоло дақиқ мегуфтед, ки риоя нашудани кадом қоидаҳо боиси буҳрон дар низоми бонкии Тоҷикистон шуд?
Абдулло Қурбонов: Ростӣ, ҳоло худро дар ҷое намешуморам, ки ба дигар бонкҳо тавсия диҳам. Медонам, ки шумо ҷавобе интизор ҳастед, ки якчанд рақам мешавад, якчанд далел мешавад, якчанд намуна мешавад. Лекин дар назарам бисёр содда аст. Ва танҳо як манбаъу як ҷавоб дорад - одамон.
Чизе, ки аллакай гуфтам. Дар паси парда сабабҳо кофтан зарур нест. Ҳамаи сабабҳое, ки метавонем номбар кунем, онҳо худи бемории аслӣ нестанд, онҳо нишонаҳои он беморӣ ҳастанд.
Вақте дар вақти қабули кормандон на аз рӯи фарҳанги инсон балки ба зоҳир ё хешу таборию дигар омилҳо диққат медиҳем, нафаронеро ба соҳаи бонкӣ роҳ меёбанд, ки метавонанд, аз масъулияте, ки амонатгузорон ба уҳдаи онҳо мондаанд, сӯистифода кунанд. Асоси асос ман ҳаминро мебинам."
Радиои Озодӣ: Яъне ба назари Шумо роҳ ёфтани ашхоси тасодуфӣ сабаби аслии ба буҳрон рафтани низоми бонкӣ шуд?:
Абдулло Қурбонов: Бале.
“Андозҳо бояд паст бошанд”
Радиои Озодӣ: Бонкдорони собиқадор, бархе муассисони бонкҳои хусусӣ дар ду-се соли охир аз вуҷуди мушкилоти пасипардаӣ дар низоми бонкдорӣ шикоят карда ҳамин мушкилиро боиси ба бӯҳрон дучор шудани соҳа рабт медиҳанд. Бархе дар бораи фишор, дар бораи азхудкунии бизнеси роҳуфтода ва муваффақи бонкҳои амалкунандаи тиҷоратӣ шикоят мекунанд. Барои шумо оё ин мушкилот ошно аст?
Абдулло Қурбонов: "Ростӣ то ин рӯз ягон маротиба нашудааст, ки фишори ғайриқонунӣ дида бошем. Чун ба андешаи мо чизи муҳим риоя кардани қонунҳо аст. Вақте соҳибкор тамоми қоидаҳаро риоя карда, андозҳоро пардохт мекунад набояд ҳарос дошта бошад, ки ба ягон мушкилиҳои сунъӣ рубарӯ мегардад.
Дар баробари ин албатта қонуну қоидаҳо бояд соддатар бошанд. То андозае паст кардани андозҳо ба фоидаи кор мебошад. Чун аксари соҳибкороне, ки ношаффоф кор мекунанд водор мешавад, ки ба шаффофият рӯй оранд."
“Фоизҳоро ба таври сунъӣ наметавон паст кард”
Радиои Озодӣ: Яке аз мушкилоти бонкҳои Тоҷикистон баланд будани фоизҳои қарзӣ барои соҳибкорӣ, гирифтани хона, маводи мавриди ниёзи дигар мебошад. Ин масъала ба қавле тормоз ё фактори боздорандаи фаъолияти солими низоми бонки гуфта мешавад. ба назари шумо, то куҷо дарки ҳамин масъала дар сатҳи тасмимгирандагони низоми бонкии Тоҷикистон вуҷуд дорад?
Абдулло Қурбонов: "Инро ҳама хуб дарк мекунанд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Фоизи қарзҳои бонкҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои хориҷӣ паст нест. Лекин ҳама вақт бояд аз дидгоҳи бозори озод ба ин чиз нигоҳ кард. Дар бозори озод вақте ягон чиз камчин шавад нархи он баланд мешавад.
Агар бо роҳи сунъӣ мо кӯшиш кунем нархи ҳамон чизро паст кунем, ҳамеша бозори сиёҳ пайдо мешавад. Барои ҳамин бозор воқеан озод бошад. Чун вақте дар бозор ягон чиз гарон аст он бозингарони навро ҷалб мекунад ва дар навбати худ бозингарони нав метавонанд хизматрасонии бо нархи пастарро пешниҳод кунанд.
Бо як нигоҳ ба хароҷоти бонкҳо гуфтан мумкин нест, ки бонкҳои Тоҷикистон фоидаи хеле хуб мегиранд. Барои он ки қарзҳои пардохтношуда ва хароҷоти дигаре ҳаст. Барои ҳамин ба фикрам ҳама инро дарк мекунанд, ки фоизҳои қарзҳо дар Тоҷикистон баланд аст.
Аз Бонки миллӣ то дигар мақомотҳои дахлдор кӯшиш мекунанд, ки фоизҳо паст шаванд."
Радиои Озодӣ: Ман ба ин андешаи шумо розӣ нестам. Чун солҳои ахир ба бозори бонкӣ ниҳодҳои молиявии зиёд ворид шуданд, аммо вазъ зиёд тағйир накард.
Абдулло Қурбонов: "Имрӯз дар маводҳои таблиғии баъзе бонкҳо мо дида метавонем, ки онҳо фоизҳои нисбатан пастро пешниҳод мекунанд. Аммо суол инҷост, ки чаро соҳибкорони мо қарзҳоро гирифта наметавонад? Барои онки барномаи тиҷоратии аксарияти соҳибкорон шояд талаботи бонкҳоро қонеъ намекунад. Бонкҳо ҳам, ки бо маблағи дигарон кор мекунанд, талош мекунанд, ки онро дар ҷое гузоранд, ки хатари камтар дошта бошад.
Нуктаи дигар ин аст, ки аксарияти маблағе, ки дар иқтисод мегардад берун аз соҳаи бонкӣ аст. Ин меъёр дар Тоҷикистон нисбатан баландтар аст, ки албатта марбут ба эътимоди мардум ба бонкҳо аст."
«Эътимоди мардум хеле шикаста шуд»
Радиои Озодӣ: Ба нуктаи хубе ишора кардед, чаро эътимоди мардум ба бонкҳо камтар шуд?
Абдулло Қурбонов: "Хуб маълум аст, ки эътимоди мардум хеле шикаста шуд. Баъзе нафарон барои баргардонидани маблағҳои худ хеле сарсон шуданд. Маблағҳое, ки солҳо ҷамъ мекунанду ба бонк амонат мемонанд ва ба ҳамон амонат хиёнат кардан ҳақиқатан нобахшиданӣ аст. Тағйири вазъ ва баргардондани эътимоди мардум вақти зиёдеро металабад. Бо ин вуҷуд кӯшиш кардан ва шаффоф будан зарур аст."
Радиои Озодӣ: Агар бо мисолҳои мушаххас гӯем, ба фикри шумо, рӯзе мешавад, ки дар Тоҷикистон як оилаи ҷавон ба бонки хусусие рафта, бо 3-4 дарсадӣ қарзи хона яъне ипотека дарёфт кунад, тавре масалан дар Аврупо ҳоло роиҷ аст. Кай чунин шароит метавонад фароҳам шавад?
Абдулло Қурбонов: "Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ барои чунин фоизҳои пастро таъмин кардан одатан сохторҳои давлатӣ барпо мегарданд, ки вазифаи асосиашон рушди соҳаи ипотекӣ аст. Будани чунин сохтор дар Тоҷикистон ба фоидаи кор аст, аммо бо чунин фоизҳо додани қарз фикр намекунам амале бошад, ки бонкҳои тиҷоратӣ феълан аз уҳдаи он бароянд."
Радиои Озодӣ: Агар ба шумо мегуфтанд, ки дар бахши бонкдории Тоҷикистон бояд ду-се ислоҳоти муҳим гузаронед. Чӣ мекардед?
Абдулло Қурбонов: "Якум риоя кардан ба қонуну қоидаҳо. Дуввум ин интихоб тарбия ва ба роҳ мондани сиёсати хуби кадрӣ. Сеюм таъмини шаффофият."
“Чаро ман ба ватан баргаштам?”
Радиои Озодӣ: Шумо дар ду кишвари хориҷӣ Туркия ва Бритониё таҳсил кардаед. Имрӯзҳо зиёданд ҷавонони тоҷик, ки талош мекунанд баъди таҳсил дар хориҷ бимонанд. Сабабаш ҳам маълум аст. Шуморо чӣ чиз дубора ба Тоҷикистон кашид?
Абдулло Қурбонов: "Ман ҳамеша фикр мекардам, ки муваффақият на онест, ки худро ба як ҷойи шароити хуб дошта бирасонӣ. Балки кӯшиш кардан ки ҳамон шароитҳои хубро ба ҷойе орӣ, ки ба он зиёдтар ниёзмандӣ аст.
Ҷавонони пурҳаракат ва пурталоше, ки барои пешрафти ватани худ кор мекунанд дар он кишварщо зиёд аст. Сад нафарро дар онҷо соҳиби ҷойи кор кардан ҳеҷ он лаззатеро намедиҳад, ки сад нафарро дар ватани худ соҳиби ҷойи кор карда тавонӣ.
Барои ҳамин ҳар дафъае, ки ман фикр мекардам дар синни 60 ё 70-солагӣ чӣ гуна зиндагӣ маро хушбахт мекунад. Фикр намекардам, ки доштани хонаи қимматбаҳо ва зиндагии роҳате, ки шояд метавонист, дар дигар кишвар бароям муяссар мегардид.
Балки он зиндагие, ки дар гирди ҳамфикрон ва ҷавонони пурталоше, ки баҳри беҳтар кардани зиндагии мардуми атроф ҳаракат мекунанд, дар ҳамонҷо ва бо ҳамонҳо кор кардан. Аз ҳамин лиҳоз ман ба ватан баргаштам. Ва хушбахтона дар аксарияти ҷавононе, ки имруз дар Алиф ҳастанд, ман инро мебинам."
Радиои Озодӣ: Ташаккур барои суҳбат
Абдулло Қурбонов: Саломат бошед.
Шарҳи ҳол: Абдулло Қурбонов 17-уми сентябри соли 1985 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2002 литсеи тоҷикӣ-туркии пойтахтро хатм кардааст. Соли 2008 Донишгоҳи Босфори Туркияро бо ихтисоси менеҷмент хатм ва ду сол дар магистратураи Донишгоҳи Иқтисодии Лондон таҳсил кардааст.
Пас аз таҳсил як муддат дар Британияи Кабир ва Муғулистон ба ҳайси таҳлилгари Бонки UBS кор кард. Солҳои 2012-2014 муовини раиси "Ориёнбонк" буд. Соли 2014 бо чанд нафари дигар муассисаи молии “Алиф-сармоя”-ро ташкил кард ва аз он сол мудираш мебошад. Ҳамсар ва 2 фарзанд дорад.
Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/tajik-banking-sector-interview/29748651.html

Комментарии (0)