Пешгирии сӯхтор аз хомӯш карданаш осонтар аст
Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба ташвиш овардааст ва ин масъалаи доғи рӯз мебошад. Зеро фаъолияти ин гурӯҳҳои тундрав ба тараққиёту пешрафти бисёр давлатҳо хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Махсусан, дар даҳсолаҳои охир шоҳиди падидаҳои манфии ин ташкилотҳо шудем ва зарарашонро дар молу ҷони худ ва мамлакату давлат дидем. Баъди соҳибистиқлолии кишварамон дар ҷомеа пайдо шудани телефонҳои мобилӣ ва пасон шабакаҳои интернетӣ ба рафтори бархе аз ҷавонони ноогоҳ тарзи тарзи нави носолим пайдо кард.
Махсус ташкилотҳои экстремистӣ барои ба сафи худ дохил намудани ҷавонон роҳҳои гуногунро истифода мебурдагӣ шуданд. Омода намудани мардуми мо ба ҷамъияти озод ва сиёсатбозиҳои хориҷиҳо ба душманони миллати мо имконият дод, ки моро ба ҷанги бародаркуш бикашанд. Миллати мо – тоҷикон ба назар мерасид, ки сурату сирати кабкро дорем. Хушовоз, хушсуратем, аммо зудбовар, бегонагонро дар зин мешинонему худ дар замин менишинем. Ин амаламон давлати пуриқтидори Сомониёнро аз байн бурда буд.
Агар мо ҳазор сол бе давлати озоди худ намебудему ҳисси миллиамон фаромӯш намешуд, теғи ҷафо бар сари ҳамдигар намекашидем, шояд яке миллатҳои мутараққии ҷаҳон мешудем. Мутаассифона, дар баъзе маъракаҳо мегӯям, ки ҳисси миллиамон паст аст. Баъзеҳо ҳатто муаллимони босавод, бо писханд «Боз ҳисси миллӣ чӣ гап аст?» мегӯянд. Агар мо ҳисси миллӣ, ҳисси вандории миллатро бедор накунем, ҳар бегона ва ифротгаро метавонад моро ба гирдоби фалокат бикашад.
Ман шомил шудвни ҷавононро ба гурӯҳҳои ифроти ва тундрави исломӣ дар се омил мебинам.
1. Омода набудани мардум ба нигоҳи идеологӣ – сиёсӣ. Ё бехабар будан, аз таълимоти исломии асоосӣ. Зеро надонистани исломи асил ба ифротгароёни фоидаҷӯ имконият медиҳад, ки мардумонро барои ғаразҳои муғризонаашон истифода бубаранд.
2. Омили иҷтимоию иқтисодӣ, бекории зиёди мардум, яъне надоштани ҷои кори доимӣ ва муҳтоҷ будан ба маблағе. Инчунин амалҳои коррупсионии баъзе мансабдорон барои корҷӯён низ шояд сабаб бошад?
3. Тарғиботи зиёд бурдани шабакаҳои ифротгаро ва аз шабакаҳои интернетӣ нодуруст истифода бурдани ҷавонони камсавод.
Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, бахусус ба Россия, ки зиёди ҷавонон махсус аз Россия ба Сурия ва дигар кишварҳо бурда мешаванд. Ман боварии комил дорам, ки кадом шахсе, ки амру фармудаҳои Худованд бохабар бошад ва асли исломро бидонад, ҳаргиз ба дурӯғҳои гурӯҳҳои тундгароӣ исломии ба монанди равияи салафӣ, Ҳизбу таҳрир гурӯҳи террористии «Ал-қоида» ва дигар равияҳо шомил намешаванд, зеро Худованд ҳатто куштани як мӯрчаро гуноҳи азим гуфтааст. Мардуми мо дар мактабу масҷид тарбияи ахлоқӣ мегиранд, аммо чуноне, ки медонем, дар аксар масҷидҳо муллоҳои дур аз сиёсати давлат ва таълиму тарбия бо мардуи сухангӯӣ мекарданд, ки суханашлн асаре надорад. Агар ҳукумат аз ҳисоби муаллимони босавод, ки худ тарбиятдида бошанд, гурӯҳҳои таблиғоти монанди (агестаторон)-и даври Шӯравӣ ташкил намояду аъзоёни ин гурӯҳҳоро ба масҷидҳои маҳалҳояшон вобаста кунад ва ба эмомхатибҳо амр кунад, ки барои ин шахсон шароити сӯҳбат карданро ба мардум муҳайё созанд, самти таъсиррасони барои иҷро мақсад мувофиқ мешуд. Зеро шахсони адабиётдону таърихдон, исломро ҳам медонанду усули тарбияро ҳам…
Нуриддини Шамсӣ, омӯзгори литсейи давлатии №1
https://www.facebook.com/

Комментарии (0)