17 муҳоҷири тоҷик дар муҳосира (Видео)

17 муҳоҷири тоҷик дар муҳосира (Видео)
Ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар суҳбати Шариф Ҳамдампур бо Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторӣ

17 нафар муҳоҷирони тоҷик, ки аз Москва ба хотири убури сарҳад ба Арманистон парвоз карда буданд, аз ҷониби сарҳадбонони ин кишвар ба Россия баргардонида шуданд.

Дар Фурудгоҳи “Шереметова” онҳо дар минтақаи нейтралӣ қарор доранд. Онҳоро берун аз фурудгоҳ баромадан намегузоранд. Сафири Тоҷикистон дар Россия пайи ҳалли ин масъала машғул шуд. Сомонаи “pressa.tj” фавран пайи тадқиқи ин ҳодиса шуда, бо Имомиддин Сатторӣ суҳбате орост.



Мавзӯи суҳбат ҳалли мушкилоти 17 муҳоҷири дар фурудгоҳ қарордошта, мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ба иртиботи бемории коронавирус, ҳалли ҳуқуқии буду боши муҳоҷирон дар қаламрави Россия буд, ки видеои онро пешкаши шумо месозем.

Комментарии (0)

Оставить комментарий