Дастури Путин муҳоҷирони тоҷикро хурсанд кард, аммо...
Президенти Русия Владимир Путин амр додааст, санади ҳаққи иқомати муваққатро (РВП) барои хориҷиҳо аз байн баранд ва ба онҳое, ки мехоҳанд, дар Русия зиндагӣ кунанд, якбора ҳаққи иқомати доимӣ (ВНЖ) бидиҳанд.
То кунун онҳое, ки мехостанд, шаҳрвандии Русияро бигиранд, маҷбур буданд, аввал ҳаққи иқомати муваққат бигиранд ва баъди чанд сол барои ҳаққи иқомати доимӣ ариза диҳанд. Баъди ҳаққи иқомати доимӣ, шаҳрванди хориҷӣ ҳақ дорад, барои гирифтани мақоми шаҳрвандии Русия муроҷиат кунад.
Дар ҷаласаи ҳукумати Русия дар рӯзи 6-уми март гуфтаанд, ки дигар давраи санади ҳаққи иқомати муваққат гузаштааст. Бо дастури Владимир Путин акнун бояд қонунҳои муҳоҷирати Русияро ислоҳ кунанд ва баъд аз он якбора ба хоҳишмандон ҳаққи иқомати доимӣ диҳанд. Матни дастурҳои Владимир Путин дар вебсайти расмии раиси ҷумҳури Русия нашр шудааст. Дастурҳо бояд то соли 2021 иҷро шаванд ва ҳоло маълум нест, ки кай Русия аз ҳаққи иқомати муваққат даст мекашад.
Дар матни дастурҳои Путин гуфта мешавад, бархе аз муҳоҷирон барои раҳо шудан аз ташвишҳои қонунӣ ва патенти кор аввал ҳаққи иқомати муваққат мегиранд, вале ҳадафашон фақат муҳоҷирати муваққатии корӣ аст. Коршиносон гуфтаанд, чунин санад, як расмиёти нозарурест, ки монеи зудтар гирифтани мақоми шаҳрвандии Русия барои талабгорон мешавад.
[media=https://gdb.rferl.org/83270094-2fb6-4647-84b0-d076e36bf0b5_tv_w650_r1.jpg]
То кай мо инҷову фарзандон онҷо?
Даврон Ҳоҷибоев, муҳоҷири 30-солаи тоҷик, ки 10 сол боз дар шаҳри Маскав такси меронад, аз хабари осонтар шудани дарёфти ҳаққи шаҳрвандии Русия хушҳол шудааст.
Ӯ рӯзи 9-уми март дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Шаҳрвандӣ гирифтан хеле душвор аст, харҷи зиёд дорад. Ман 10 сол аст, азоби муҳоҷиратро тоқат карда истодаам. Лекин РВП-ро бардоранд, мехоҳам шаҳрвандӣ гирам ва зану кӯдаконамро биёрам. То кай мо инҷову фарзандон он ҷо?"
Коршиносон мегӯянд, Русия бинобар вазъи ногувори демографӣ ночор ба чунин иқдом даст задааст, то аз ҳисоби муҳоҷирону хориҷиён монеи коҳиши аҳолӣ дар кишвар шавад.
Раҳмон Улмасов, коршиноси масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон, мегӯяд, Русия бо назардошти камбуди нерӯи кор мехоҳад, аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, теъдоди аҳолиро бештар кунад.
Сабуктар кардани муқаррароти додани шаҳрвандӣ, ба гуфтаи вай, агар ба нафъи Русия бошад, барои Тоҷикистон оқибатҳои нохуб дорад. Улмасов мегӯяд: "Аз Тоҷикистон раванди нави муҳоҷират - муҳоҷирати оилавӣ оғоз шуд. Хоҳем нахоҳем, ҳар сол маблағе, ки муҳоҷирон ба Тоҷикистон мефиристанд, кам мешавад, чунки муҳоҷират шакли оммавитари оилавиро ба худ касб кард".
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар ин робита гуфт: "Ҳудуди 80 дар сади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия мебошанд, мекӯшанд, ки ҳаққи иқомати доимӣ ба даст оранд. Чунки ин санад онҳоро аз хавфи ихроҷ шудан аз Русия эмин нигоҳ медорад ва аз пардохти ҳармоҳаи пули патент халос мекунад".
Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 700 миллион доллар фиристодаанд. Бино ба арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ даромади ҳар чаҳорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷират аст.
Бинобар иттилои мақомоти Русия, соли 2018 беш аз 35 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Миёни Тоҷикистону Русия созишномаи душаҳрвандӣ амал мекунад ва тоҷикон бидуни даст кашидан аз шаҳрвандии худ ҳақ доранд, шаҳрванди Русия шаванд. Тоҷикистон мегӯяд, дар Русия 480 ҳазор шаҳрвандаш кор мекунанд, Русия мегӯяд, теъдоди онҳо аз як миллион нафар бештар аст.
Комментарии (0)