Баъди вохӯрии Раис бо соҳибкорон нархи орд аз 185 ба 165 сомонӣ фаромад

Баъди вохӯрии Раис бо соҳибкорон нархи орд аз 185 ба 165 сомонӣ фаромад
Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода далели боло рафтани арзиши орд дар Тоҷикистон ин гарон шудани нархи ғаллаи Қазоқистон мебошад. Афзун бар ин, қурби асъор низ сабаби гароншавии орд гаштааст

Раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар рафти нишасти матбуотӣ хабар дод, ки арзиши орд дар Душанбе аз 185 сомонӣ то 165 сомонӣ поён шуд.

Ба гуфтаи вай, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорон  сӯҳбатҳо анҷом додаанд, ки дар натиҷа  соҳибкорон арзиши ордро 20 сомонӣ арзонтар карданд.

Қодирзода далели боло рафтани арзиши орд дар Тоҷикистонро низ шарҳ додааст.

Ба гуфтаи вай, соҳибкорони Тоҷикистон аз Қазоқистон ғалла харида, дар корхонаҳои худ коркард мекунанд ва ҳамчун орди истеҳсоли ватанӣ онро ба фурӯш мебароранд. 

"Соли 2018 истеҳсоли ғалла дар дигар давлатҳо паст шуд ва талабот ба ғаллаи Ҷумҳурии Қазоқистон зиёд гардид. Бо сабаби зиёд шудани талабот Қазоқистон низ бо истифода аз ин фурсат нархи маҳсулоти худро баланд намуд. Ҳамчунин фарқияти қурби асъор низ ба болоравии нарх таъсиргузор буд",- таъкид кардааст вай.

Сарчашма: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190130/1028126375/Rais-badi-sbato-bo-soibkoron-dar-Dushanbe-narkhi-ord-az-185-ba-165-somon-faromad.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий