ВУД Тоҷикистон: Валиҷон Раҳмонов ба Қоҳир Расулзода хешу табор нест

ВУД Тоҷикистон: Валиҷон Раҳмонов ба Қоҳир Расулзода хешу табор нест
Мақомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабари алоқаманди доштани хешу табори сарвазири кишвар дар пахш намудани сокини деҳаи Виткони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро қатъиян рад кард

Кормандони милитсия Тоҷикистон зимни таҳқиқ муайян намуданд, ки ронандаи автомашинаи “Mersedes GL” Раҳмонов Валиҷон Ҳакимович, сокини деҳаи Виткони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро пахш намудааст ба Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ягон муносибати хешу таборӣ надорад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, чунин ҳодисаи маргбор дар шаҳри Хуҷанд рух додааст аммо дар он набераи сарвазири кишвар даст надоштааст.

ВУД Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки доир ба ҳодисаи мазкур нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи “Mersedes GL” Раҳмонов Валиҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1996, ки сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Асирӣ, хонаи 81 будааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран баъзе аз расонаҳои хабарӣ хабарро паҳн наммуданд, ки гӯё набераи Сарвазири кишвар дар пахш намудани сокини деҳаи Виткони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ даст дорад.

Ба иттилои расонашои хабарӣ, рӯзи 25 январи соли равон, тахминан соати 20:00, набераи Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мошини “Mersedes GL” дар назди як фурӯшгоҳ дар шаҳри Хуҷанд Бахтовар Салимов, сокини деҳаи Виткони ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳро пахш кардааст.

Мақомоти ВУД Тоҷикистон расман ин иттилоъро рад намудааст.  

Комментарии (0)

Оставить комментарий