Ноиби раиси Душанбе дар бораи хонаҳои нотамоми пеши Сирк, рӯйхати сиёҳ ва Занҷонӣ

Ноиби раиси Душанбе дар бораи хонаҳои нотамоми пеши Сирк, рӯйхати сиёҳ ва Занҷонӣ
Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали шаҳрдори Душанбе, таъхири ифтитоҳи хонаҳо дар хиёбони Саъдӣ Шерозиро, ки аз ҷониби соҳибкорони эронӣ бунёд мешавад, ба таҳримҳо алайҳи ин кишвар рабт дод

Зувайдзода дар мавриди хонаҳои маъруф бо “эронӣ”, ки сохтмонашон ҳанӯз соли 2006-ум оғоз шуда буд, изҳор дошт, ки бонки масъули биноҳо ба “рӯйхати сиёҳ”-и ҷаҳонӣ ғалтидаст. Маҷмааи биноҳои нотамом таҳти унвони “Саъдӣ” дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ пеши бинои Сирки давлатии Тоҷикистон қомат афрохтаанд.

“Ин биноҳоро соҳибкорони эронӣ месозанд. Мо ҳамсуҳбат будем, вайҳо наметавонанд хонаҳоро фурӯшанд. Хонаҳо қариб тайёранд. Тибқи шартномаашон биноҳоро бояд садфоиза ба бонке супоранд, ки онҳоро сармоягузорӣ кардааст, аммо бонкашон дар рӯйхати сиёҳи ҷаҳонӣ ҳаст”, - иттилоъ дод ноиби аввали раиси Душанбе.

Ӯ афзуд, ки соҳибкорони эронӣ ҳамаи маводро овардагиянд ва бо дастгирии шаҳрдорӣ дар ду сол хеле корҳо кардаанд.

"Бо Хонум Беном, ки роҳбарашон будаст, мулоқот кардем. Ваъда доданд, ки то 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода месупоранд. Як хонаи дигар дар маҳаллаи 82 доштанд, азбаски дар гарави бонкашон набудаст, онро ба соҳибкорони тоҷик супориданд, аллакай он хонаро сохта ба истифода доданд", - изҳор дошт Зувайдзода.  

Дар мавриди Бобак Занҷонӣ, соҳибкори боздоштшудаи эронӣ, ноиби раиси шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки ӯро намешиносад ва боре ҳам мулоқот надоштааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий