Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоливу Вазорати маориф ва илм аз фасодзадатарин ниҳодҳои кишвар унвон шуданд.
Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод имрӯз, 11 феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2019 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 135 ҷиноят ва дар Вазорати маориф ва илм 122 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳамчунни ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Кумитаи давлатии заминсозӣ 87, Вазорати меҳнат муҳоҷират 64, Вазорати кишоварзӣ 32, Вазорати нақлиёт 17, Вазорати энергетика ва захираҳои об 11, кумитаи андоз 19, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон 8, Барқи тоҷик 32, Вазорати саноат ва технологияҳои нав 8, Вазорати моли 7, ба қайд гирифта шудааст”.
Раҳбари оҷонсӣ афзуд, дар соҳаи бонкӣ 273, субектони хоҷагидори ғайридавлатӣ 359, миёни соҳибкорони инфиродӣ 403, ва дар дигар идораву корхонаҳо 339 ҷинояти коррупссионӣ ошкор гардидааст. Ҷаноби Султонзода мегӯяд, давоми соли сипаришуда аз ҷониби ниҳоди зертобеаш 2154 ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқамандро ошкор намудаанд, ки 644 адади он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин шомиланд.
Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 684,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 280 миллион сомонии он барқарор шудааст: “Бештари инро ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ташкил медиҳад”.
Комментарии (0)