Коршинос аз муҳоҷирати хонаводагӣ, коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ва сафар ба Узбакистон

Коршинос аз муҳоҷирати хонаводагӣ, коҳиш ёфтани интиқоли маблағ ва сафар ба Узбакистон
Профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Раҳмон Ӯлмасов дар бораи вижагиҳои муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт
Раванди муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019 рӯ ба афзоиш оварда, марзи 13 дар садро убур кардааст.

Тавре муовини вазири меҳнат, Нурулло Маҳмадуллозода гуфт, соли гузашта 530 ҳазор нафар дар ҷустуҷӯи қути лоямут ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд, ки аз он 77 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ба гуфтаи коршинос, дар Тоҷикистон муҳоҷирати дохилӣ низ афзоиш меёбад.

Дар Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии истиқлолият сохтмони иншооти гуногун авҷ мегирад. Ширкатҳои хориҷӣ шаҳрвандонеро, ки дар хориҷ кор мекунанд, ба кор даъват мекунанд.

"Феълан, муҳоҷирати хонаводагӣ авҷ гирифтааст.  Дар натиҷа дар оянда интиқоли маблағ низ аз хориҷ ба Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Афзун бар ин, агар пештар шаҳрвандон ба Русия ва Қазоқистон дар ҷустуҷӯи кор сафар мекарданд, ҳоло бозори муҳоҷират дар Узбакистон низ боз аст", - таъкид мекунад Ӯлмасов.

Комментарии (0)

Оставить комментарий