Шикаст ва ҷои 6-уми тими наврасони Тоҷикистон дар Минск
Тими мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон – “U-17” бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми пешрафт-2019” дар Минск ҷои шашумро ишғол кард
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тими наврасони Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷои панҷум аз дастаи Исландия бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд. Голро дар ҳайати тими Тоҷикистон Рустам Соиров зад.
Манбаъ афзуд, дар “Ҷоми пешрафт-2019” тими наврасони Тоҷикистон 5 бозӣ анҷом дод. Дар даври гурӯҳӣ футболбозони навраси Тоҷикистон бар тими наврасони Финландия ғалаба - 2:0, бо Белгия мусовӣ - 1:1 бозӣ карда, аз тими мизбон – Белорус бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.
Дар бозии плей-офф Тоҷикистон дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметрӣ бар Булғористон бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.
Мусобиқаи байналмилалии Минск барои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон – “U-17” як марҳилаи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2019 ба ҳисоб меравад, ки 5-27 октябр дар Перу баргузор мешавад.
Комментарии (0)