Идомаи таҳсил дар Федератсияи Русия

Идомаи таҳсил дар Федератсияи Русия
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи санъат ва фарҳанг, ки мехоҳанд дар Русия таҳсилашонро идома диҳанд, эълон нашр кардааст

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон қабули довталабонро барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия тариқи бурсияҳо оғоз кардааст.

“Рӯзи 29 январи соли 2019 соати 14:00 дар намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон машварат барои нафароне, ки мехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Русия тариқи бурсия дар соҳаи фарҳанг ва санъат идома диҳанд, баргузор мегардад. Хоҳишмандон метавонанд, ки аз мутахассисон дар бораи раванди омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо барои қабул маълумот гиранд”, - омадааст дар иттилоияи Вазорат. 

Манбаъ афзуд, ки қабули ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ ба воситаи сомонаи http://russia.study/ сурат мегирад.

Довталабон барои гирифтани маълумоти муфассал метавонанд ба сомонаи http://tjk.rs.gov.ru, ё тариқи телефонҳои 221 55 90  ба шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг муроҷиат кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий