Муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар интиқол доданд

Муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар интиқол доданд
Дар ҳашт моҳи охири соли гузашта муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар фиристоданд

Маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба 2,6 миллиард доллар баробар аст. Ҳамин миқдор маблағро муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳашт моҳи охири соли равон ба ватани худ интиқол додаанд.

Зимнан, маълум гардид, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ сар аз соли 2009 то 2018 чӣ миқдор пул ба кишварашон фиристодаанд. Манобеи Lenta.ru хабар медиҳад, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дасти кам 141,4 миллиард долларро аз Русия ба кишварҳои худ мунтақил намуданд.

Манбаъ бо истинод ба ширкати FinExpertiza хабар медиҳад, ки аз ҳама беш соли 2018 шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Чин, Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Украина ба пайвандони худ маблағ интиқол доданд.

Гуфта мешавад, дар феҳрасти кишварҳои пешсаф аз лиҳози интиқоли маблағ, Узбакистон садрнишин аст. Наздики 30 дарсади интиқоли маблағ аз Русия маҳз ба кишвари Узбакистон сурат гирифтаст.

Қобили зикр аст, ки аз Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва маблағи ирсолкардаи онҳо аз омилҳои асосии таъмини суботи иҷтимоӣ иқтисодӣ дар кишвар арзёбӣ мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий