Мерседеси сафед бо рақамҳои "тиллоӣ" ва аспи сиёҳ: туҳфаи Қурбонов ба Лоиқ-видео
Акбар Қурбонов, роҳбари бошгоҳи варзишии “Акбар” дар шаҳри Душанбе ба размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов мошини “Мерседес”-и сафед ва аспи сиёҳро тақдим кард
Лоиқов туҳфаҳои Қурбоновро зимни як ҷамъомад дар ҳалқаи дӯстону варзишгарони дигар қабул карда, изҳор дошт, ки варзишкорони тоҷик зарфияти расидан ба нуқтаҳои баландтарро доранд.
Ӯ ба раёсати бошгоҳи “Акбар” изҳори сипос намуд, ки сарфи назар аз туҳфаҳои охир қаблан низ пайваста барои тамрину ҳалли мушкилоти дигар мусоидат мекардааст. Раҷабов ахиран баъд аз чаҳор соли зиндагӣ дар Олмон ба Ватан баргашт.
Лоиқ Раҷабов соли 2019 дар сабқати бонуфузи Professional fight league ширкат кард. Дар ин мусобиқа Раҷабов чандин рақиби худ аз ҷумла Ислом Мамедовро, ки ҳамроҳи варзишкори номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов тамрин мекунад, мағлуб кард.
Сабқати ниҳоӣ шаби соли нав 31 декабр дар аренаи Медисон дар Ню-Йорк баргузор шуд.
Раҷабов дар қуввасанҷии ҳалкунанда бар зидди размикори бразилиягӣ Натан Шулте барои $1 миллион доллар мубориза бурд. Дар ин мусобиқа бо баҳогузории доварон пирӯзӣ ба варзишкори бразилиягӣ Натан Шулте дода шуд.
Лоиқ Раҷабов дар Данғара таваллуд шуда, пас аз 7-солагӣ хонаводаи онҳо ба Душанбе омадааст. Лоиқ аз кӯдакӣ ба варзиш машғул буда, баъдтар ба самбои муҳорибавӣ ва MMA мегузарад.
Панҷ сол пеш Лоиқ Раҷабов ба Русия рафта, дар клубҳои Маскав бо ин навъи варзиш машғул шуда, дар вақти холигиаш кор мекардааст.
Чаҳор сол пеш ошноҳояш ӯро ба Олмон даъват карданд. Лоиқ дар он ҷо тамринҳои худро дар клубҳо идома дода, дар мусобиқаҳои маҳаллӣ ҳанарнамоӣ мекард ва дар якчанд мусобиқаҳои MMA Championship German (GMC) ғолиб омадааст. Баъдтар ӯ бо оилааш ба Олмон кӯчида бо PFL шартнома имзо кард.
Комментарии (0)