Обу ҳаво: дар минтақаи сардтарини Тоҷикистон шабона то 36 дараҷа сард мешавад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18, инчунин то 22-24 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 31-36 ва рӯзона 15-20 дараҷа сард хоҳад шуд
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба "Ховар" иттилоъ додаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18, инчунин то 22-24 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 31-36 ва рӯзона 15-20 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе минтақаҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард хоҳад шуд.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо шабона 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.
Комментарии (0)