Дидан мехоҳад: Раҳмон сабаби бо худ бурдани Рустамро дар сафарҳо гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо деҳқонони шаҳри Турсунзода сабаби ӯро ҳамроҳӣ кардани Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар сафар гуфт
Раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, ки имсол нахустин соле буд, ки дар арафаи соли нав нархҳо дар бозорҳои пойтахт боло нарафтанд. Раҳмон далели боло нарафтани нархро дар бозорҳо ба афзоиши истеҳсолоту қонеъ кардани талаботи мардум рабт дод.
"Имсол аввалин соле аст, ки дар бозорҳои пойтахти мо нархи меваю сабзавот ва ҳатто маҳсулоти гӯштию ширӣ боло нарафт. Барои чӣ нарафт? Барои он ки истеҳсолот, таъминот зиёд буд. Талаботи аҳолиро қонеъ кард", - гуфт Раҳмон дар мулоқот бо кишоварзон, ки навори онро телевизионҳои давлатӣ зимни ҷамъбасти ҳафта нашр карданд.
Ӯ масъалаи баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ва то 4 ҳосил гирифтанро ба миён гузошта, таъкид намуд, ки теъдоди гармхонаҳо бояд бештар шавад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки шаҳрдори Душанбе низ ӯро дар сафарҳо ба навоҳӣ, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ҳамроҳӣ мекунад, чун мехоҳад бинаду мардуми пойтахтро бо маҳсулот таъмин кунад.
"Мана раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳи ман омаданд. Дидан мехоҳанд, барои таъмин кардани аҳолии пойтахт, мардуми хадамонро бо сабзавоти тару тоза ва аз лиҳози экологӣ тоза", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур зикр намуд, ки аҳолӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст ва барои таъминоташ бо маҳсулоти худӣ бояд заҳмати бештар кашид.
Комментарии (0)