ҶАЛБ ВА ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ

ҶАЛБ ВА ИШТИРОКИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ВОҲИДҲОИ МУСАЛЛАҲ
07.01.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки     шаҳрванд Мусулмонқулов Абубакр Фарҳодович  1998 с\т, истиқ. ҷ\д Н.Хусрав, деҳ. Ёбуз,   соли 2010 бо мақсади муҳоҷирати меҳнати ба шаҳри Мокваи Ф.Р рафтааст. Номбурда, ҳангоми дар онҷо қарор доштанаш бо даъвати  падараш, Мусулмонқулов Фарҳод Раҳмонқулович 1955 с\т, истиқ. ҳамон ҷо (парвандаи ҷустуҷӯӣ бо моддаи 187 қ-2, ва 307 иловаи 3 қ-2, КҶ ҶТ оғоз карда шуда дар ҷустуҷӯ қарор дорад,) бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремисти-терористии “ДИИШ” шинос шуда онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, бо мақсади иштирок намудан дар воҳидҳои мусаллаҳ ва амалиётҳои ҷангӣ ба давлати Сурия рафта, то ҳол дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуда истодааст. Нисбати шаҳрванд Мусулмонқулов А, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 401 иловаи-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад. 

07.01.2020 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ муайян карда шуд, кишаҳрванд Собиров Мақсад Исматуллоевич 1990 с/т истиқ. кӯч. Ҳосилот х.66, санаи 05.06.2016 сол тавассути хатсайри Душанбе-Бишкек ба Ҷ.Қирғизистон ва аз он ҷо ба Ф.Россия рафтааст. Баъдан, номбурда  соли 2018 ба Ҷ.Туркия рафта сафар карда, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш  тавассути шабакаҳои интернети  ва шахсони номаълум ба ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремисти-терористии “ДИИШ” шиносои пайдо намуда онро қабул ва ҷонибдори намудааст. Сипас ӯ соли 2018 бо роҳи ба тафтишоти номаълум ба Ҷ.Сурия рафта ба сафи аъзоёни ташкилоти мазкур шомил шуда, то ҳол дар задухӯрди мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати давлати Сурия иштирок намуда истодааст.  

Комментарии (0)

Оставить комментарий