Бархӯрди автобуси муҳоҷирони тоҷик бо мошини боркаш дар Тюмен: ду нафар ҷон бохтанд

Бархӯрди автобуси муҳоҷирони тоҷик бо мошини боркаш дар Тюмен: ду нафар ҷон бохтанд
Дар вилояти Тюмен автобуси мусофирбар ба мошини боркаш бархӯрдаст. Ҳамаи мусофирони автобус шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд

Дар шоҳроҳи вилояти Тюмен субҳи дирӯз автобуси мусофирбар, ки аз Тоҷикистон самти Сургут ҳаракат мекард бо мошини боркаш бархӯрдаст, хабар медиҳад ГИБДД.

Ба иттилои манбаъ, садамаи мудҳиш  дар километри 266-уми шоҳроҳи Тюмен – Ханти-Мансийск дар ҳудуди ноҳияи Тобол рух додаст. Дар дохили автобус 35 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули 3 кӯдак қарор доштанд, ки ба эҳтимоли зиёд аз сабаби гаронии арзиши чиптаи ҳавопаймо тариқи роҳи заминӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рахти сафар бастаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи бархӯрди ду худрав ронанда ва як мусофири мошини боркаш ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон 7 шаҳрванди дигари  тоҷик ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Бино маълумоти муқаддамотии ГИБДД, ронандаи автобус дар шоҳроҳ мехост гардиш кунад, вале ронанда амнияти ин манёврро таъмин карда натавонистааст. Ӯ надидааст, ки дар ҳамин лаҳза мошини Isuzu бо суръати баланд меомад.

Феълан шахсияти мусофирон ва омили асосии сар задани садама маълум мегардад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий