"Муҳоҷирон набояд арзонтар биафтанд". Арзиши патенти кор дар Маскав боло рафт

"Муҳоҷирон набояд арзонтар биафтанд". Арзиши патенти кор дар Маскав боло рафт

Шурӯъ аз оғози соли 2020 арзиши патент барои муҳоҷирони корӣ дар ҳудуди Маскав 7 дарсад афзоиш ёфт ва ҳамакнун ҳар моҳ коргарони хориҷӣ барои дарёфти иҷозаи кор бояд 5350 рубл пардохт кунанд. Афзоиши нархи патент бар асоси тағйирот ба қонуни андози шаҳри Маскав сурат гирифтааст. Соли 2018 арзиши патенти кор дар Маскав моҳе 4500 рублро ташкил медод, ки дар баробари муҳоҷирони кории дигар аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз коргарони тоҷик ҳам доштани чунин патент талаб мешуд.

Шаҳрдории Маскав бар ҳисоби тахминӣ мегӯяд, ки соли 2019 буҷаи давлатӣ аз ҳисоби патент 18 миллиард доллар пур шуд. Интерфакс менависад, Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав ба ин бовар аст, ки коргари хориҷӣ бояд ҳатман андоз супорад. “Муҳоҷирон набояд назар ба шаҳрвандони Русия ба кордиҳандагон арзон биафтанд, - гуфтааст Собянин дар ҷаласаи шаҳри Маскав оид ба қонуншиканӣ дар таърихи 28 октябр. – Ҳама нафароне, ки ба Маскав барои кор меоянд, бояд андоз супоранд”. Аз соли 2020 арзиши патенти кор барои коргарони хориҷӣ дар дигар манотиқи Русия ҳам боло рафт.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи худи муҳоҷирон, дар шароити камбуди кор дар Русия, ки баъди ишғоли Қрим дар соли 2014 ва пуштибонии чудоиталабон дар шарқи Украина мавриди таҳрими Ғарбу Аврупо қарор гирифт, шароити кору даромад то рафт сангинтар мешавад. Бисёр муҳоҷирон аз болоравии арзиши патенти кор розӣ нестанд ва мегӯянд, даромаде, ки онҳо ба даст меоранд, бо харҷҳои ҳатмие, ки қонунҳои Русия муқаррар кардааст, мувофиқат намекунад.

Бар асоси иттилои манобеи мухталифи давлативу ғайридавлатӣ, соли 2019 беш аз 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҳадафи кору даромад қарор доштанд, вале ин дар қиёс бо 6-7 соли пеш ба маротиб камтар аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий