Занозанӣ дар Хоруғ. Ду низомӣ захмӣ шудаанд
Дар занозании шаби 31-уми декабр дар тарабхонаи "Узбекистон"-и шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ду низомӣ маҷруҳ шудаанд. Баъзе аз манобеъ мегӯянд, онҳо афсари нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон ҳастанд. Бархе манобеи дигар яке аз захмиҳоро афсари Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд. То ба ҳол на мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва на Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.
Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ занозанӣ ҳангоми таҷлил аз Соли нави милодӣ рух дода, "дар он силоҳ истифода шудааст".
Се манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 2-юми январ бе зикри ном ба Радиои Озодӣ рух додани ҳодисаро тасдиқ карданд.
Як манбаъ гуфт, ин ҳодисаро Додситонии ҳарбии Тоҷикистон таҳқиқ мекунад ва сабаби сар задани он ҳанӯз дақиқ нест. Ӯ илова кард: "Афсаре, ки аз сараш сахт ҷароҳат бардошта буд, ба Душанбе бурданд. Ӯ аз сараш ҷароҳати вазнин бардоштааст. Ёрии аввали тиббиро расониданд ва ба Душанбе бурданд."
Ин манбаъ гуфт, ҳоло намедонад, ин афсар дар кадом ҳолат қарор дорад.
Комментарии (0)