Кумитаи ҷавонон 42 варзишкори беҳтарини солро бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ кард

Кумитаи ҷавонон 42 варзишкори беҳтарини солро бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ кард
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълон кард, ба 42 нафар варзишкорони тоҷик, ки барандаи ҷоизаи Президентӣ шуданд беш аз 900 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд

 Ахиран Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълон кард 42 нафар варзишгарони беҳтарини сол барандаи Ҷоизаи Президентӣ шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, барои 42 нафар варзишгарони муваффақи кишвар ва мураббиёни онҳо бо маблағи 911 ҳазору 250 сомонӣ маблағи молиявӣ ҷудо карда шудааст.

Кумита таъкид доштааст, ки ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ҳамасола барои варзишгарони муваффақи кишвар аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон барои ҳавасманд намудани варзишгарону мураббиёни онҳо тақдим карда мешавад.

“Дар асоси Комиссияи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2019 аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 42 нафар варзишгарони муваффақи кишвар ва мураббиёни онҳо бо маблағи 911 ҳазору 250 сомонӣ маблағи молиявӣ ҷудо карда шудааст”, - зикр намудааст Кумитаи ҷавонон.

Аз  ҷумла, ҷоизаи мазкур ба Дилшод Назаров дар варзиши сабук  барои ҷои якум дар чемпионати Осиё (Қатар) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ, Баҳодур Усмонов дар бокс барои ҷои якум дар  чемпионати Осиё (Бангкок, Тайланд) ба маблағи  75 ҳазор  сомонӣ.

Ҳамчунин бп Темур Раҳимов дар гӯштини дзюдо  барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Комроншоҳи Устопириён  дар  гӯштини дзюдо барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё (Фуҷайра, АМА) ба маблағи  50 000 сомонӣ, Сомон Маҳмадбеков дар гӯштини дзюдо барои ҷойи якум дар чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон (ш.Марокаш) бо маблағи 50 000 сомонӣ, Ғаниҷон  Ғаниев, дзюдо, барои ҷойи якум дар Чемпионати Осиё байни наврасон (ш.Тайпейи Чин) бо маблағи 18  750 сомонӣ, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  3600 м (Хуанджоу,Чин), бо маблағи 50 000 сомонӣ, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ барои ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё  дар масофаи  25,90 км (Хуанджоу Чин) бо маблағи 25 000 сомонӣ супорида шуд.

Бояд гуфт, ки 19 декабри соли равон, амри Президенти Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ барои варзишгарони муваффақи кишвар ва мураббиёни онҳо дар соли 2019 ба тасвиб расида буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий