Супориши Раҳмон: корвони мошинҳо ба гаронтарин бозори ҷумҳурӣ рафт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 21 декабар, дар рӯзи сафараш ба вилояти Хатлон дастур дод, ки маҳсулоти кишоварзӣ ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон фиристода шаванду бо нархи арзон ба мардум ироа гарданд
Тибқи иттилои ҳукумати вилояти Хатлон, бо дастури Раҳмон аз вилояти Хатлон барои ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 85 тонна маҳсулот фиристода шуд.
“Корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳри Бохтар ба самти Хоруғ ба ҳаракат даромад. Аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Бадахшон 30 тонна сабзӣ, 15 тонна пиёз, 14 тонна картошка, 9 тонна биринҷ, 7 тонна лимӯ, 5 тонна равған ва 5 тонна гӯшти мурғ фиристода шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хоруғ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ ташкил гардида, маҳсулоти кишоварзии Хатлон дар он бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон мегардад.
Қаблан Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар пайи таҳлили нархи бозорҳои кишвар гуфта буд, ки аксаран маводи ғизоии арзон дар вилояти Суғд ва гаронтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд.
Комментарии (0)